Устодону донишҷӯёни ДДБ аз Винсент Сафарик забони англисӣ омӯхтанд

 

Дар асоси тафоҳумнома миёни бахши робитаҳои ҷамъиятии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ва факултети забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз моҳи сентябри соли 2019 омӯзгор-ёвар Винсент Сафарик ҳамкориро оғоз намуд. Аз рӯи наќшаи таълимӣ омӯзгор Винсент Сафарик ҳафтае ду маротиба барои устодони факултети забони анлисӣ ва донишгоҳ машғулияти омӯзишӣ мегузаронид. Машғулиятҳо бо истифодабарии техникаи муосир, бо маводи ҷолиб ба роҳ монда мешуд. Ҳамчунин дар давоми ҳар ҳафта, дар гурӯҳҳои таълимӣ, аз ҷониби мавсуф низ машғулиятҳо аз рӯи фанҳои таълимӣ гузаронида мешуданд.

Аз аввали фаъолият омӯзгор Винсент Сафарик бо омӯзгорону донишҷӯёни факултет муносибати хуб барќарор карда, дар ҳама чорабиниҳои таълимиву фарҳангӣ фаъолона иштирок менамуд. Бо дастгирии Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ва тавсияи Винсент Сафарик омӯзгори факултети забони англисӣ Кабиров Шарифбек дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ќазоќистон курси такмили ихтисос гузашта, дар дарсҳои омӯзгорони мактабҳои олии ин мамлакат иштирок карда, малакаи касбӣ ҳосил намуд.

Рӯзи 14-уми марти соли 2020 омӯзгор Винсент Сафарик ба ватани худ баргашт. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет бо ӯ гарму ҷӯшон хайру хуш намуда, изҳори боварӣ карданд, ки дар моҳҳои наздик омӯзгор Винсент Сафарик боз ба донишгоҳи мо омада ҳамкориашро давом медиҳад.

 

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав