ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАШАББУСКОРИ “МУШТАРАК” БО ДОНИШҶӮЁНИ ӮЗБЕКИСТОН

Имрӯз 30-юми декабри соли 2020-ум дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Фатҳулоев Икром, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, Кибирё Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии ДДБ, Асомиддин Аслонов, сардори гурӯҳи ташаббускори “Муштарак” ва донишҷӯёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Нахуст, Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  донишҷӯёни…

Муфассал

ОЛИМИ ҶАВОНУ МАСЪУЛИЯТШИНОС

Устод Шарифхон Баротзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инновтасияи  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад. Ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоҳад буд. Шарифхон Баротзода санаи 16-уми майи соли 1988 дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2005…

Муфассал

ОБ НЕЪМАТИ МУҲИМ АСТ

Дар ҳақиқат, об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракотӣ ҳама ба об вобастагӣ доранд.  Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббати зиёд ба табиат метавонад ватанпарвар бошад. Одамони давраи қадим ҳаёти худро бо…

Муфассал

ҚОНУНГУЗОРӢ – ЗАМИНАИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ҳолати ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки албатта аз проблемаҳои ҷаҳони муосир дар канор буда наметавонад, зеро дар ҳар як давлат ҷабҳаҳои нигаронкунандае мавҷуд аст. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор гуррӯҳои экстремистӣ пайдо шуданд, ки дорои мақсадҳои ғаразнок мебошанд.…

Муфассал

МУЛОҚОТ ВА КУМАКИ ПУЛӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ чорабинии идона баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин…

Муфассал

ҲАСАНОВ ДӮСТМУРОД РИСОЛАҲОИ НОМЗАДИИ ХУДРО ҲИМОЯ НАМУД

  Шӯрои диссертатсионии 6D. KOA – 046 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад, ки дар он Ҳасанов Дӯстмурод Раҷабмуродович, омӯзгори кафедраи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуд. Ҳасанов Дӯстмурод Раҷабмуродович, омӯзгори кафедраи кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи…

Муфассал

ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР

  Имрӯз 26-уми декабри соли 2020-ум дар саҳни даромадгоҳи бинои асосии Раёсати донишгоҳ қабули шаҳрвандон аз ҷониби Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.   Дар қабул, донишҷӯён бо дарназардошти сабабҳои иҷтимоӣ, вазъи оилавӣ муроҷиат намуданда мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ ва бартараф карда мешавад.   Маркази таҳлилӣ-иттилотии ДДБ

Муфассал

БОЗДИДИ ДОНИҶӮЁН АЗ ОСОРХОНАИ “АВЕСТО”

Имрӯз 28-уми декабри соли 2020-ум донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил мекарданд  бо роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Фатҳулоев Икром, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии  донишгоҳ аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон – “Авасто” дидан намуданд.    Бинои осорхона аз ду ошиёна иборат буда, дар он нигораҳо ба таври…

Муфассал

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКӢ ДАР ДАРС

  Давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав технологияи муосир мавриди истифодаи васеъ карор дода мешаванд. Имсол раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои супоридани имтиҳонҳо дар сессияи нимсолаи тирамоҳӣ тариқи марказҳои имтиҳонгирӣ воситаҳои муосири электрониро барои донишҷӯён дар тамоми…

Муфассал

ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАЪЛИМ

  Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фаровонеро фароҳам овард, то мо ба меросу суннатҳои аҷдодиамон рӯй орем. Баъд аз он, ки кишвари азизамон соҳибистиқлол гардид, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, маданию маърифатии он бо мамлакатҳои дуру наздик ба куллӣ тағйир ёфтанд.   Тоҷикистон равобити худро бо мамолики хориҷӣ мустақилона ба роҳ монд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди муштарак…

Муфассал