Имрӯз 30-юми декабри соли 2020-ум дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Фатҳулоев Икром, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, Кибирё Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии ДДБ, Асомиддин Аслонов, сардори гурӯҳи ташаббускори “Муштарак” ва донишҷӯёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Нахуст, Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  донишҷӯёни шарҳвандони Ӯзбекистонро  бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 126 нафар  шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил намуда истодаанд.

Асомиддин Аслонов, сардори гурӯҳи ташаббускори “Муштарак” оид ба дастгирӣ ва тарғиботи сиёсатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев номаи табрикории худро аз номи хатмкунандагони ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки дар роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият менамоянд ба муносибати Соли нави мелодии 2021 табрик намуд.

Сипас, бо донишҷӯёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбати ошкоро сурат гирифт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ