Устод Шарифхон Баротзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инновтасияи  Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад. Ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоҳад буд.

Шарифхон Баротзода санаи 16-уми майи соли 1988 дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2005 баъди хатми мактаби миёнаи №12-и  шаҳри Бохтар ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил мешавад ва онро соли 2010 бо ихтисоси ташкилотчии фаъолияти бонки дипломи аъло хатм менамояд.  

Сипас, соли 2011 ба шуъбаи аспирантураи таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди  Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2015 хатм намудааст.

Ин ҷавони донишманд, олиму пуркор аз соли 2015 то имрӯз дар зинаҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кору фаъолият менамояд.  Аз ҷумла, солҳои 2015-2017  дар мақомҳои саромӯзгори кафедраи назарияи иқтисод ва молия, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодӣ шуда кор кардааст. Солҳои 2017-2019 дар вазифаи ҷонишни сардори Раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  ва аз соли 2019  то августи соли 2020 дар вазифаи декани факултети менеҷмент ва низоми гумруки   Донишгоҳи давлатии   Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Барои фаъолияти назарас аз ҷониби ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 3-юми  августи соли 2020  ба вазифаи сардори Раёсати  илм ва инноватсияи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардидааст. 

Дастовардҳояш дар соҳаи илм, омӯзиши фанҳои иқтисодӣ назаррасанд. Бахусус, паҷӯҳишҳояш дар самти «Такмили методњои паст намудани хавфу хатарҳои сармоягузорї дар корхонањои истењсолї», ҳимояи рисолаи номзадиаш бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Файзуллоев Машраб ва зери мушовирии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов Аврор Бобоевич аз комёбиҳои шоистаи таҳсин мебошанд.

Шарифхон Баротзода, ҳамчунин дотсенти кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва низоми гумруки Донишгоҳи давлатии Бохтар Ба номи Носири Хусрав буда ба ташнагони илм аз фанҳои менеҷменти бонки, менеҷменти молиявӣ, фаъолияти бонки, сармоягӯзори дарс медиҳад.

Ин омӯзгори тавоно нисбат ба масъалаи ҷавонон, соҳибилм гардидани онҳо ҳамеша кӯшиш дорад, берун аз соати кори низ вақти хешро бо шогирдони худ масраф месозад. Маҳз бо роҳбарии устод 5 нафар докторанти Phd – и донишгоҳ таҳқиқоти илми бурда истодаанд.

Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст, кӯшиш дорад, илми доштаашро ба дигарон расонад, ҷавонон аз олами иқтисод бохабар бошанд. Дар ин бобат маводҳои илмии хешро дар нашрияҳои даврӣ ба табъ мерасонад.

Дар конфронсҳои илмию назариявии вилоятиву ҷумҳуриявӣ андешаҳои илмии хеш дар бораи тараққиёти илми иқтисодӣ, равобити иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон ва манфиатҳои он иброз дошта, дар баҳсҳои илмӣ фикру ақидаи худро баён намояд.

Муаллифи 3 дастури таълимӣ, ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ аст.

Хизматҳои шоёни устод Шарифхон Баротзодаро бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо Ифтихорномаҳои муассисаҳои таълимӣ, Ифтихорномаҳои мақомотҳои иҷроияи вилояту шаҳрӣ қадр намудаанд.

-Агар инсон назди худ мақсад гузорад ва дар амалишавии мақсад содиқона заҳмат кашад, ба муроди хеш мерасад, – мегӯяд Шарифхон Баротзода.

Хусусияти аз ҳама арзандаи ин инсони шариф дар он аст, ки хоксорӣ, меҳнатқаринӣ, пос доштани ҳурмати калонсолонро дар мадди аввал мегузорад.  

Комрон РАСУЛОВ,

сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ