Давоми солҳои охир ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав технологияи муосир мавриди истифодаи васеъ карор дода мешаванд. Имсол раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои супоридани имтиҳонҳо дар сессияи нимсолаи тирамоҳӣ тариқи марказҳои имтиҳонгирӣ воситаҳои муосири электрониро барои донишҷӯён дар тамоми факултетҳо муҷаҳҳаз гардонад.

 

Ин ҳама далели он аст, ки дар ҷаҳони муосир соҳаи илму технология қадаме ба пеш ниҳодааст. Сол то сол мардуми бофарҳанги мо-тоҷикон дар пешрафти илму техника ба пешравиҳои зиёд ноил гардида истодаанд. Ҷавонону наврасони кишвар бо дарку масъулияти том пайи омӯзишу азхудкунии илмҳои муосир мебошанд. Онҳо дар пайравӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат азму талош доранд, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони варзидаи соҳа саҳмгузор бошанд. Вобаста ба ин, омӯзгорон пайваста кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз воситаҳои муосири технологӣ таълимро ба роҳ монем. Хусусан, барои бенуқсон ва бехато супоридани имтиҳонҳои давлатӣ дар факултетҳои донишгоҳ воситаҳои техникӣ насб ва фаъол гардидааст. Раванди мазкур барои донишҷӯён қулай ва мусоид мебошад, зеро донишҷӯ дар назди компютер нишаста, дониши худро месанҷад ва дарҳол натиҷаи холҳои умумии бадастовардаи худро мебинад. Воситаи мазкур барои дар оянда мустақилона донишомӯзии донишҷӯён ва мустаҳкам гардонидани савияи дониши онҳо имкон фароҳам меорад.

 

Бешубҳа, вақте донишҷӯён дар дарс иштироки фаъолона дошта бо тайёрии хуб ҳозир шуда бошанд, санҷишу имтиҳонҳои худро тавассути воситаҳои технологӣ бо баҳои хубу аъло супорида метавонанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати тақвияти савияи дониши донишҷӯён, фаъолгардонии онҳо дар дарсҳо кӯшиш намоем, то ин ки дар оянда мутахассисони варзидаи соҳаро ба камол расонем. Барои пешрафти ҷомеа ва фаъолияти босубот дар он кадрҳои баландихтисосро омода намоем.

 

Одинамаҳмад БОЕВ,

асистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ