Ваҳдати миллӣ – таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ

Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кутоҳи таърихӣ ба қавли Президенти кишвар то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи ”рушди устувори  иктисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар  намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ  ба хеле дастовардҳо ноил гардид”. Имрӯз  ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст, то ояндагон аз он сабақ гиранд. Зеро ғояҳои   олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи  моро имрӯзҳо бештар фаро мегирад, армони азалӣ ва ҷамъятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта, масъалаи мазкур бо тамоми ҳастиаш мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт ва тақдири таърихии Тоҷикистону миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо бо он вобаста гардид. Бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар натиҷаи он ҳар як  ҷумҳурӣ ба давлатҳои хурди мустақил табдил ёфт, дар бархе аз ин давлатҳо истиқлолият бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад. Аммо дар Тоҷикистон мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, тудаҳои мухолифинро бар зидди роҳбарони мамлакат ба шӯр оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа тоифа ва зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз рӯи мансубияти миллӣ ва маҳал бар зидди ҳамдигар хезониданӣ шуда, ба мақсади худ як дараҷа муваффақ ҳам гардиданд.

Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳасос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита рӯ наметофтанд. Онҳо ба муқобили ҳукумати қонунӣ – конститутсионии Тоҷикистон мубориза  оғоз намуданд. Дар Тоҷикистон ҷанги бемаънии бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар бурҳони амиқ ғутавар шуд.

Дар ҳамин гуна вазъият бо ибтикори неруҳои солими Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оғоз бахшид.

Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосияи мазкур интихоби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон – Сарвари давлат буд. Ба ин вазифаи олӣ марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандешро интихоб кардан лозим меомад.

Хушбахтона, чунин шахсияти мунаввар ёфт шуд ва он чеҳраи нуронӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, касе буданд, ки дар ҳаёт обутоб ёфта, дар назди хосу ом обрую эътибори зиёд доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон соати ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат, таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии эшон ҳамчун Сарвари  давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

Рисолати Ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрӯзҳо торафт тавсеа ва густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

Раҷабова Ҳабиба – омӯзгори кафедраи фалсафа ва

фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав