Таъмини ҳифзи саломатӣ

         Солимии ҷомеа бойгарии миллату давлат буда, ҷиҳати мусоидат ба он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору ниҳодҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси тоҷдор, риояи гигенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва таъмини солимии ҷомеа дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” чун дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт мизҳои мудаввар, чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ-профилактикӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ баргузор шуда истодаанд. Дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо ба иштирокчиён сабабу омилҳои гирифтор гардидан ба бемориҳои сироятӣ, роҳу усулҳои пешгирӣ ва табобати он, ҳамчунин варақаҳои иттилоотӣ низ тақсим гардида, тибқи дастурҳои муайяншудаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муносибат намудан аз ҳар кадоми онҳо тақозо карда мешавад.

Аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар Нусратулло Файзуллоев барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳафт ҳазор ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон дастрас ва тақсим гардид. Ҳамчунин дар заминаи маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ дар донишгоҳ, ки дар он курси дузандагӣ фаъолият дорад, бо ҷалби устодону донишҷӯёни дузанда зиёда аз се ҳазор ниқоби муҳофизатии дигар низ омода ва ба кормандону донишҷӯён дастрас шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақша дар тамоми раёсату шуъбаҳо, факултетҳо, бинои хобгоҳ ва дигар сохторҳо аз тарафи кормандони бунгоҳи тиббии донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа, аз ҷумла Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Бохтар ва бо иштироки устодону донишҷӯён вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо устодону донишҷӯён ба мутахассисони соҳа саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифта, дастурҳои мутахассисонро риоя намуда истодаанд.

Ҳоло дар тамоми сохторҳои донишгоҳ ба қадри зарурӣ маводи безараргардонӣ ва дигар маҳлулҳо дастрас шуда, аз онҳо васеъ истифода менамоянд.      

 

 

 

 

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣиттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав