Нурализода Наргис, раиси бонувони ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

         Пешвои миллати мо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёму маҷлисаш перомуни ҷалб намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ баромадҳо мекунад то ки ҷавонони мо одилонаву ҷасурона барои гулгулшукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Ибораи дилнишини Ҷаноби олӣ «Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст», ки бо як умеди комил раҳбари давлат таъкид мекунад, бояд барои ҳар як фарди ҷавон чун ҳалқа бар гуш ва вазифаи аввалиндараҷа бар душ бошад.  Ба ҳар як ҷавон фарз аст, ки муқаддасоти Ватан, обу хоки Ватан, шахсиятҳои ватансоз ва ватандӯстро барои зиндагиаш дарси ҳаррӯза  созад ва пайраву домангири ватани худ бошад. Ҷавонеро ватандӯст мегӯянд, ки ӯ номи ватани худро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд мебардорад ва бо ҷаҳонбиниву ақлу заковати хеш барои муаррифии ватанаш ҷойгоҳи вижаро сазовор мегардад, ки дигарон низ аз ӯ ибрат бигиранд. Ватан барои ҳар ватандор азизу муътабар буда дар дилу дида ҷо гардидаву нишонаи ваҳдат мебошад. Ватан замини зархез, боду ҳавои рӯҳнавоз, обҳои софу зулол ва кӯҳҳои сарбафалаккашида дорад, ки даъвогари тану қалби ҳазорон мардони шуҷоатманд гаштааст. 

         Барои ҳар ҷавони ба нангу ор зарур дониста мешавад, ки бо саъйу талош ва ҳаракати ҷавониаш Ватан-Модари худро ҷавон нигоҳ дорад ва бо заковату матонати хеш дар ҳар соҳаи пешбурди тараққиёти кишвар мутахассиси беназир бошад. Ҷавонон бояд зодгоҳ ва марзу буми кишварро аз сарватҳои нотакрор барои худ қабул карда барои фардои оянда давлати имрӯзаи босуботу мустақилро боз ҳам ривоҷу равнақ бидиҳанд, ҳамон тавре, ки дар асрҳои пешин бобоёни мо ба мисли Исмоили Сомонӣ соҳибдавлату соҳибтоҷ буд, зиндакунанда ва посдорандаи мероси ниёгон бошанд. Ибораи дилнишини яке аз ҷавонони фаъоли кишварро инҷо зикр менамоям, ки чунин гуфта: «Мо метавонем бо ин фитрати азалӣ ва иродаи қавӣ беҳтар аз ҷавонони ҷаҳон бошем». Яке аз самтҳои аввалиндараҷаву саъйу талош ва ғамхорие, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ба назар мерасад ин тарбияи ҷавонон мебошад, ки ҷавонони мо бояд ояндабин ва донишманд ба воя расанд. Аз таълифоти Президенти кишвар ёдоварӣ мекунем, ки бо ҳамин қадар корҳои заҳматталаби идорӣ нигоҳ накарда, вақт ҷудо карда барои аз асли хеш бохабар намудани ҷавонон асарҳои баландмазмун навиштааст, беҳтарин китоб барои худшиносиву худогоҳии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Муаллифи ин асари муҳташам кӯшиш ба харҷ дода аз гузаштагон ва аҷдодони мо ёдоварӣ намудааст, ки дар даврони пешин тоҷикон дар миёни халқиятҳои гуногун мақому мартабаи хоси худро доштанд. Ё асари дигари Сарвари давлат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» аз беҳтарин сарчашмаҳо барои тарбият ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки дар он зикри шахсиятҳо ва мардонагиву ҷасорати аҷдодони мо зикр гардидааст, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар бояд ба мутолиаи он бипардозад ва барои ободии ватанамон саҳмгузор бошад. Барои ҳар як фарди ҷавони кишвар зарур дониста мешавад, ки хизматҳои шоистаи чунин абармардонро ба дилу ҷон қабул ва барои равнақу ривоҷи кишвар омодаи хизмат бошанд. Чунин нафарон арзандаи номи нек мебошанд ва сазовори таҳсинанд. Аммо бархе аз ҷавонони дигар шояд бо сабаби бедонишӣ ё камдонишӣ бошад, барои ҷомеаи имрӯзаи мо хатарнок мебошанд. Чигунае, ки барои ҳама маълум аст дар ин рӯзҳо ҳизбу гурӯҳҳои мухолифе ба вуҷуд омадаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хатарнок ҳастанд. Агар ҷавони тоҷик соҳиби заковати хуб бошад ҳеҷ вақт ба чунин корҳои мудҳишона даст намезанад. Ҳамон нафароне, ки ба чунин равияҳо гаравидаанд, на фақат барои ватану миллати хеш хатарнок ҳастанд, балкӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ мерасонанд.   

        Барои он, ки ҷавонони мо ба чунин роҳҳои ифродгароӣ гаравида нашаванд, аввалан онҳо бояд худшиносу худогоҳ бошанд ва ба осори гузаштагони мо рӯй оранд. Ҷавони лаёқатманди тоҷик метавонад ба ҳар роҳе дар ҷомеа ҷои худро ёбад ва барои ободониву шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.