9-уми сентябри соли 1991 бо амри тақдир баъди сад солаҳои маҳрумияту нокомиҳо, бадбахтию парешониҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, ки нишонаи шукуфтани гули умеди халқи тоҷик буд. Тоҷикистон аз муноқишаҳои дохилӣ харобгардида дар он рӯзҳо, албатта имконоти моддию молӣ ва ҳатто маънавии рӯ ба бунёдкорӣ овардан надошт. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ояндаи миллати моро муайян кард ва дар он ҷавонмарди олитаборе бо исми мубораки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрати сиёсии мамлакат омад, ки муроҷиати ба мардум умед бахшандааш  “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор менамоям” аз дамидани субҳи оромию осудагӣ башорат дод. Ин муроҷиат пеш аз ҳама барои қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист, баҳри барқарор сохтани ҳазорҳо хонаю иншооти бар асари ҷанг харобгашта маънои ба сари мизи музокирот нишастани роҳбарони неруҳои бо ҳам мухолифро дошт.

Роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, муносибати самимона ҳамкорӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва заковати аз аҳли мардуми бофарҳангӣ тоҷик боиси он гардид, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Чун осори ҷангӣ хонумонсӯз хуни сиёҳӣ хокистар ва харобиҳои даҳшатангез аз миён бардошта шуд, гармию нармӣ ва  умедвориҳо ба фардои наку дар дилҳо низ афзудан гирифт ва тадриҷан имконоти вусъат додани бунёдкорию созандагӣ ба миён омад.

Сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва ободгароии мамлакатро Сарвари давлат, Пешвои миллат тоҷикон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба роҳбарии ин кишвар расиданаш пеша намуд. Тоҷикистон аз муноқишаҳои дохилӣ харобгардида дар он рӯзҳо, албатта имконоти моддию молӣ ва ҳатто маънавии рӯ ба бунёдкорӣ овардан надошт.

Барои мо пӯшида нест, ки оид ба дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили Стипендияҳои Президентӣ ва номӣ, Квотаи Президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президентӣ -“Дурахшандагон”,  фаъолият доранд. Грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат алалхусус Пешвои муаззами миллат мебошад. Бо дарназардошти маҳдудияти имконоти қисми муайяни ҷавонон, бахусус духтарон ба донишандӯзӣ, аз ҷумла маълумоти олии касбӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва бо иқдоми бевоситаи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 Квотаи Президентӣ таъсис дода шуд. Ин иқдом то ҳол дар кишвар идома дорад ва ҳар сол ба воситаи Квотаи Президентӣ хонандагони болаёқат аз тамоми ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил мешаванд, онҳо пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба зодгоҳи худ баргашта  мувофиқи ихтисоси худ  кору фаъолият менамоянд. Нақши Пешвои миллат дар пешрафти Тоҷикистони азиз хело назаррас мебошад.  Пас мо ҷавононро мебояд, ки ба ин дастгирӣ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат сазовор будани худро нишон дода, дар роҳи ободӣ ва созандагии ватану миллат камари ҳиммат баста зиракии сиёсии худро ҳамеша ба кор бурда, дар пешрафти мамлакати азизамон саҳмгузорӣ намоем. 

 

  

Раҷабализода Самандар, омӯзгори факултети 

таърихи ва ҳуқуқи  Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав