Моҳи майи соли равон дар натиҷаи ба амал омадани офати табии дар деҳаи ба номи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон ба заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарари ҷидии иқтисодию молӣ расид. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ сокинони аз оқибати офати табиӣ зарардида ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, бо қитъаи замин барои манзили истиқоматӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ таъмин шуданд.

Дар қатори дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоят

ҳайати профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” аз аввалинҳо шуда, баҳри расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ ноҳияи Хуросон шитобиданд. Аз ҷумла, рӯзи 5.06.2020  бо раҳнамоӣ ва сарварии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор С. Давлатзода 34 нафар устодони факултетҳои педагогика ва варзиш, факултети таърих ва ҳуқуқ ба сари заминҳои тақсимгардида омада, дар корҳои сохтмонӣ  кӯмаки амалии хешро расониданд.

Устодон дар кандани ҷойи манзили истиқоматии сокини ноҳия бо исми Зубайдулло, ки бо ҳамсар ва 4 фарзанди ноболиғаш аз куҷо оғоз намудани зиндагиро намедонист ёрӣ расониданд. Аз оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ хурсандии сарвари хонадон ва тифлакони бесаробонмондаро  ҳадду канор набуд.  Онҳо гаштаю баргашта миннатдории хешро  ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мерасониданд ва шукри онро менамуданд, ки танҳо нестанд.  Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст, ки  ҷиҳати кӯмак расонидан ба зарардидагони офати табииро  дар оянда идома хоҳад дод.

 

Ҷамшед Шукурзод, декани факултети

педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав