Моҳиятан дар нигоҳдошти мероси ниёгон ва мерос гузоштани онҳо ба наслҳои оянда на танҳо давлату Ҳукумат, балки ҳар як шаҳрванди кишвар масъул аст. Дар моддаи 44-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст” [1]. Туризм дар алоқамандӣ ба дигар тарафҳои зиндагии аҳолии ҳар як мамлакат инкишоф ёфта, на танҳо ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии он, балки ба муносибатҳои мамлакатҳо низ таъсир мерасонад.

         Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба рушди имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад, ки яке аз чунин манбаи муътамад ва устувор туризм мебошад. Дар ин роҳ , яъне рушди туризм мебояд шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, маданият ва маърифати муносиби сайёҳии шаҳрвандон аз талаботи асосии ин самти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мо, барои боз ҳам бештар рушду такомул ёфтани соҳаи туризм ва меҳмонпазироӣ дар кишвар имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон кишвари дорои имкониятҳои беназири сайёҳист. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ёдгориҳои таърихӣ таъмиру тармим гардида, бо мақсади рушд ва тақвият бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ чандин санад ва барномаҳои давлатӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди туризм  дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” қабул гардиданд. Ҳамчунин барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд.

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо таъкид шудааст: “Сайёҳӣ яке аз соҳаи муҳим бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ  дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайри нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи “Стратегияи рушди сайёҳиро барои давраи то соли 2030” омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд” [7].

Дар бораи “Чилучорчашма” аз манбаи интернетии – Википедия маълумоти муфассал ба даст овардем: “Чилучорчашам – яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон мебошад. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ривояти халқӣ дар байни аҳолии таҳҷоӣ дар бораи пайдоиши чашма ҳаст. Ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ ба ин мавзеъ барои тарғиби ислом омад, дарёи наздиктарини Ромит хушк шуд. Он вақт Алӣ ба дарё лаънат хонда, онро Кофарниҳон ном кард. То ба макони ҳозираи “Чилучорчаша” расида, ба Худо муноҷот кард, то об бифиристад ва ба таги теппа бо дастонаш зад. Аз ҷойи панҷаҳои ҳазрати Алӣ панҷ чашмаи обаш мусаффо баромад”.

“Чилучорчашма” зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230 киллометри ҷануби шаҳри Душанбе аст. Он “…дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш мавзеи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мавзеъ, ки дашту биёбон буд, (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи Шӯравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фавора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони васеъгияш 12-13 метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд. Ривоятҳо дар бораи чашма ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз миллод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шуҳраташ ба асри ҳаштуми мелодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. “Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ-Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар Бадахшон захмӣ шуда, дар хоб мавзеи Чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучорчашма дар куҷо воқеъ аст: “Аз сипоҳиёни ислом чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма баромаданд. Ба сардории Ҷутайба  ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба водии Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучорчашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучорчашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супорида шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят карданд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Бобои Қамарро зиёрат мекунад, ки аз ҳамон вақт инҷониб мардум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд.

Маълумоти иловагӣ чунин аст: Асли номи Бобои Қамар-Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари оддӣ хизмат кардааст. Чилучорчашма мавзеи зиёрат ва табобат ба шумор меравад. Зиёраткунандагон ин ҷо таҳорат мекунанд, намоз мегузоранд, қурбонӣ меоваранд ва дар оби чашма оббозӣ мекунанд. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад: “Чашмаи морон, хунукзадагон”- аз газидани мор ва шамол задан, “Устухондард”- аз касалии устухон, “Табларза”- аз табларза, “Шифо”- шифобахш аз диг. Одамонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. Зоирон мегӯянд, бахусус аз тамошои гулмоҳӣ ва аз оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чун ин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқраро дар ҳарорати 130 дараҷа тафсад, он ба заҳр табдил меёфтааст, агар моҳиҳои Чилучорчашмаро рӯйи оташи 600 дараҷаи бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст. Аммо пажӯҳишҳои табиӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пуст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гушу гулуву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безуриётӣ бисёр муфид мебошад [6].

“Чилучорчашма қариб муаррифӣ намешавад, чаро?” ном дорад маводи Бузургмеҳри Баҳодур, ки дар “Ҷумҳурият” чоп шудааст:

Пажӯҳишҳои кимёвӣ муайян карданд, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, гӯш, бинӣ, меъда, ҷигар, санги талха ва безуриёти басо муфид аст. Имрӯз дар атрофи чашма боғи боҳашамате фарогир аз дарахтони мевадиҳанда бунёд ёфтааст, ки решаашон аз оби чашма бархӯрдоранд. Ҳамчунин, чанд хона барои меҳмонону муроҷиаткунандагон қомат афрохта ба ҳусни мавзеъ ҳусни дигар афзудааст. Сайёҳону зиёраткунандагон асосан шурӯъ аз моҳи апрел то сентябр ба дидани Чилучорчашма   ташриф меоваранд. Ин минтақа ҳарчанд ҳамчун минтақаи муҳими сайёҳии кишвар дар Осиёи Марказӣ бисёр ҳам маъруф аст, вале ҳамасола шумораи ками сайёҳон аз ин ҷо дидан намуда, бо истироҳату табобат машғул мешаванд. Аз ин хотир, вақти он расидааст, ки тариқи ВАО, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ Чилучорчашмаи таърихӣ тарғибу ташвиқ шавад ва он ба як нуқтаи муҳими сайёҳӣ ва муаррифии кишвар табдил ёбад [4].

Шариф Атобуллоев дар рӯзномаи “Садои мардум” оид ба мавзеъи  “Чилучорчашма” чунин нигоштааст: “Чилучорчашма” аз мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи  ҷумҳурӣ аст, ки дар ноҳияи Носири Хусрав ҷойгир аст. Пайдоиши онро 1300-1400 сол пеш тахмин мекунанд ва дар бобаташ ривоятҳои зиёд мавҷуд мебошад. Ҳар як чашма бо хусусиятҳои шифоияш машҳур буда, ҳар рӯз садҳо нафар меҳмони дохиливу хориҷӣ аз оби он истифода мебаранд [2].

Фарзона Файзалӣ дар нашрияи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” навиштааст: “Вилояти Хатлон, ки дар қисмати ҷануби ғарбии Тоҷикистон ҷойгир аст, ки дар самти сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад. Бо далели он, ки дар вилоят 582 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, метавонад ҳамчун макони хуби сайёҳии фарҳангию таърихӣ хидмат кунад. Нигораҳои бозёфтшуда аз ин макон, ки ба асрҳои 3-1 пеш аз миллод тааллуқ доранд, баёнгари онанд, ки минтақаи Тоҷикистон дорои таърихи куҳан мебошад”. Муаллиф дар бораи минтақаҳои сайёҳии вилоят ёдрас шуда, оид ба Чилучорчашма менависад: “Дар вилоят мавзеъҳои нодири муолиҷавӣ низ кам нестанд, масалан Чилучорчашма. Тибқи маълумот оби чашма шифобахш буда, ба бемориҳои дилу ҷигар, чашму гӯш, устухондард ва чандин дардҳои дигар даво мебошад. Ин чашмаи шифобахш дар тамоми Осиёи Марказӣ маълуму машҳур аст [5].

Рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рубрикаи махсус ташкил карда, маводҳои зиёдеро ба нашр расонидааст, ки  “Бо ҳам сайри Хатлон мекунем” ном дорад. Рӯзноманигор Фаромӯз Бобоев доир ба Чилучорчашма чунин маълумот пешкаш кардааст: “Чилучорчашма мавзеи зиёратӣ, истироҳатию рекреатсионӣ ба шумор рафта, дар ин ҷо туризми зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хело рушд ёфтааст. Зиёраткунандагон ин ҷо таҳорат мекунанд, намоз мегузоранд, қурбонӣ меоваранд ва дар оби чашмаҳо оббозӣ мекунанд. Мавзеи мазкур дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ягона мавзеест, ки имконияти дар тамоми мавсими сол қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро доро мебошад. Теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои туристии шаҳри Душанбе ба ин мавзеъ дар давоми солҳои 2010-2012 оварда шудаанд, зиёда аз 600 нафарро ташкил медиҳад. Чилучорчашма айни замон дар мувозинаи ширкати “Исмоили Сомонии асри 21” қарор дошта, ҷиҳати таъмиру тармим ва нигоҳдории ин мавзеи таърихӣ тадбирҳои мушаххас андешидаанд [4].

         Чилучорчашма ҷойи тамошобобу зебост. Он метавонад барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ макони диданӣ бошад. Дар тарғиби он  воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти тоҷик ҳиссаи бориз гузошта метавонад.

 

                               Рӯйхати адабиёт ва манобеъ

 

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, 2010.
  2. Атобуллоев Шариф. Чилучорчашма // Садои мардум. – Душанбе, 2016-04-07.-№46 (3526).
  3. Бобоев Фаромӯз. Бо ҳам сайри Хатлон мекунем // Хатлон. – Бохтар, 2018-01-25.- №3 (3140).
  4. Бузургмеҳри Баҳодур. Чилучорчашма қариб муаррифӣ намешавад, чаро? // Ҷумҳурият. – Душанбе, 2018.
  5. Файзалӣ Фарзона. Чилучорчашма//Ҷумҳурият.-Душанбе, 2018.
  6. www.vikipediya
  7. www.president.tj

 

Ғуломова Саёҳат, ассистенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав