“Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд”.

                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳар як давру замон ҷавононро ояндаи дурахшони миллату давлат  ва давомдиҳандагони  кори падарон мегӯянд, ки ин дарвоқеъ, дуруст аст.  Миллати ориёитабори тоҷик дар тӯли таърихи бисёрсолаи худ ҷавонони бонангу номусро дар тамоми риштаҳо парвариш намудааст ки, то имрӯз таърихи башарият аз онҳо бо некӣ ёд мекунанд. Хизматҳои нобиғагони миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ,  Умари Хайём, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва қаҳрамониҳои Деваштич, Темурмалик, Спитамен, Муқаннаъ, Восеъ ва амсоли ин василаи пайравии ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик баъд аз пошхӯрии аввалин давлати миллии тоҷикон Сомониён ба зери истисмору зулми дигар қавму миллатҳо гирифтор шуда, дубора маҳз бо кӯшишу талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, чун Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлати мустақил гардид. Ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахши таърихӣ боиси бавуҷуд омадани дигаргуниву таҳаввулоти нек дар соҳаҳои мухталиф гардид.

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз садҳо рӯйдоду воқеъаҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд, аммо баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ҳодисаест, ки боиси таҳкиму тақвияти сулҳу суботи сартосарӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар кишвар гардид. Дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳам тақдирсоз сиёсатмадори ҷавон ва умедбахш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин фаъолияти сиёсии худ бо исрор ва боварӣ гуфт, ки: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Ин суханҳои рӯҳафзо ба қалбҳои ҳар сокини кишвар тухми некиву боварӣ ба фардоро кишта, миллати парокандаву парешонро муттаҳид намуд. Ҳамин суханони  таъсиргузори роҳбари давлат мардуми дур аз Ватанро ба сӯйи хонаву наздикон баргардонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тадбирҳои судманд, зери роҳбариву фаъолияти пурсамари фарзандони фарзонаи миллат тавонист, ки дар кишвар зиндагии дубораи осудаҳолонаро барои сокинон ба вуҷуд оварад.   

Бояд қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи  давлатдории тоҷикон ягона сиёсатмадорест, ки бештар ба ҷавонон таваҷҷуҳи  зиёд дорад. Чунончӣ, Пешвои миллат дар Паёми худ қайд намуданд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Дарвоқеъ, пайваста Президенти кишвар дар суҳбату вохӯриҳои худ ба ин қишри ҷомеа такя намуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти ҷомеа роҳнамоӣ мекунад. Яке аз падидаҳои нек дар ин самт, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бевосита баҳри ҳалли мушкилиҳои ин қишри ҷомеа ва муаррифии дастоварду комёбиҳои беназири онҳо равона шудааст.  “Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ҳар давру замон ва давлату миллати пешрафта нақши ҷавонон басо назаррас ва аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Албатта, ҳамагон медонанд, ки ҷавонон нерӯи бузург ва созандаю бунёдкор мебошанд, бинобар ҳамин ҳам ба ин қувваи созандаю бунёдкори ҷомеа такя бояд кард”, – зикр кардаанд муҳаққиқон Ҳасанов Ш.Қ., Ашурова А.А. Қайд намудан зарур аст, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони саодатманду соҳибистеъдод ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб шуда, донишу таҷрибаи худро баҳри расидан ба ҳадафҳои Олии кишвар равона намуда истодаанд. Ҳоло дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷавонони кишвар фаъолона меҳнат намуда истодаанд. “Мо ҷавононро ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф менамоем. Онҳо бояд аз файзи Истиқлолият бештар баҳра гиранд, ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ расанд ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоят намоянд. Зеро Истиқлолият бародарию баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад”. Дар ҳақиқат имрӯз барои ҷавонони кишвар тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудаас. Ин қишри ҷомеаро лозим аст, ки аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, дар муаррифии миллату давлат саҳмгузорӣ намоянд. 

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти ҷавонон ва муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ ин иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Маҳз ба ифтихори соҳиб гардидани варзишгарони муваффақи тоҷик, аз ҷумла Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯз Хоҷазод ва даҳҳо нафари дигар парчами Тоҷикистон парафшон ва суруди миллӣ садо додаанд. “Дастоварди бузурги “Соли ҷавонон” соҳиби унвони қаҳрамон шудани варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки рӯзи 11 ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочи дар вазни 74 кило ғолиб омад. Ин паҳлавони тоҷик бо гирифтани ҷойи якум ва медали тилло дар қаҳрамонии ҷаҳон, пас аз 42 сол қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон шодравон Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард”.

Ҳамчунин ҳамасола дар қаламрави кишвар бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд, ки барои соҳибмаърифат гаштани насли наврасу ҷавони кишвар пешбинӣ шудаанд. Имрӯз ҷавонони кишвар дар самтҳои мухталиф: сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва варзиш натиҷаҳои баланд доранд, ки ин ҳама аз мавҷуд будани шароити мусоид ва фаъолияти пурсамари онҳо дар ҷомеа дарак медиҳад. Дар кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму таҳқиқот ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба он ҷавонони аз ҷиҳати нерӯ тавонманду ихтироъкор пешбарӣ ва сарфароз мегарданд. Ҷавонони саодатманди кишвар, аз ғамхориву муҳаббати беандозаи Роҳбари давлат хушҳол буда, худро барои амалигардии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул медонанд. Татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд, ки ин ба мо имкон медиҳад бигӯем, ки ин қишри ҷомеа воқеан ҳам дар рушду нумуи соҳаҳои хоҷагии халқ нақши арзишманд доранд. “Мақсаду мароми сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ роҳандозӣ мешавад…”

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифати кишвар баҳри ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дучанд фаъолият намуда, натиҷаҳои меҳнатиро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам тақвияту густариш медиҳанд.

Сангимурод ШАРИФОВ,

декани  факултети филологияи тоҷик,

Немат РАҶАБОВ,

декани факултети забони англисӣ