Имрӯз 14-уми январи соли 2021 ноиби ректор оид ба иқтисод К.  Маҳкамов аз раванди корҳои сохтмонӣ бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуд.

 

Бинои мазкур, аз як бинои асосии 11- ошёна ва 2- бинои таълимии 7- ошёна, як бинои 9- ошёна, як бинои 3- ошёна ба нақша гирифта шудааст. Таҳкурсии блокҳои А, Б, В ва бинои таҳхонаи блоки Б- ро ба анҷом расонидаанд.

 

Имрӯзҳо сохтмончиён таҳхонаи блоки А-ро  омода намуда истодаанд.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ