Имрӯз 15-уми январи соли 2021  бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров – сарчашмаи худшиносии миллӣ», семинари илмӣ -амалӣ баргузор гардид, ки дар он устодони донишгоҳ иштирок доштанд.

 

Сухани ифтитоҳиро Ҷӯрабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин қайд карда буданд: «олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд» оғоз намуданд.

 

Сипас, сухани аввал ба мудири кафедраи таърихи умумӣ, доктори илмҳои таърих Давлаталӣ Алимов дода шуд. Устод дар дар мавзӯи  “Мухтасари зиндагиномаи академик Бобоҷон Ғафуров”  сухан ронданд.

 

Оид ба мавзӯи “Аз таърихи таълифи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих Казаков Рустам баромад намуда, чунин ифода намуданд, ки «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ифшогари асолати миллати тоҷик буда, дар бедор кардани ҳисси ватандӯстии махсусан наврасон ва ҷовонони кишвар аҳамияти муҳим дорад.

 

Дар кори семинар Файзидин Наботов, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров дар ситоиши олимону сиёсатмадорони бузург” баромад намуд.

 

Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар рушд ва нумӯи таърихшиносии миллӣ ҳалкунанда арзёбӣ намуданд. Ташаккули ҷаҳонбинии таърихии Б. Ғафуровро устод марҳила ба марҳила таҳқиқ намуда, нақши онро ба роҳ андохтани омӯзиши таърихи халқи тоҷик равшан намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки мавзӯи калидии таҳқиқоти академик Бобоҷон Ғафуровро таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то давраи муосир ташкил медиҳад. Бо фарохии мавзӯи тадқиқотӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли он дар заминаи маводҳои нодиру дасти аввал ва тадқиқоти таърихшиносии ҷаҳонӣ Б. Ғафуров имрӯз низ дар таърихнигории тоҷик мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад.

 

Кори семинар Аламшо Пиров, номзади илмҳои фалсафа суханронӣ намуда зикр кард, ки воқеан таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров, ба вижа «Тоҷикон», – и ӯ дар таърихшиносии миллӣ ҳамчун асарҳои бунёдии ҷамъбастӣ то имрӯз арзиши баланди илмии худро нигоҳ медоранд ва ояндаҳо нигоҳ хоҳад дошт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ