Дар воқеъ, китоб ва китобхонӣ  яке аз шуғли писандидаи ниёгонамон ба ҳисоб рафта, барои дарки ҷаҳони иҳотакарда мусоидат мекунад. Ҷойгоҳи китоб дар зиндагӣ ва таълимоти мардуми фарҳангпарвару тамаддунофарамон мақоми арзанда дорад. Аз ин рӯ, гузаштагонамон тамоми донишу таҷрибаи худро дар китоб дарҷ намудаанд, ки мо аз он васеъ истифода менамоем. Китоб муҳимтарин ихтироот аст, ки инсон дар тули мавҷудияти худ онро кашф намудааст. Китоб бузургтарин неъмати маънавест, ки барои роҳнамоии намудани инсон ба сӯйи дунёи хирад, ақлу заковат, шинохти оламу одам, тарғиби некию накукорӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд.

Тазаккур бояд дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва соҳибмаърифат намудани мардум иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ карда истодаанд. Ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идомаи он ташаббусҳои неки роҳбари давлат буда, барои худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки ҷомеаи кишвар ин иқдомро ба хуби пазируфта, хурду бузург ҷонибдорӣ аз он намуда, барои дар сатҳи баланд гузаштани он саҳмгузорӣ карданд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо аз факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” 10 нафар устодону донишҷӯён ба даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Шодиева Фархунда, аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик сазовори ҷойи сеюм, Каримова Шоира аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик сазовори ҷойи ифтихорӣ, Аҳмадзода Моҳинав Сафармад, донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, сазовори ҷойи сеюм, Бобоев Сорбон, донишҷӯйи соли чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адибони бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ, сазовори ҷойи сеюм, Раҳмонов Маҳмурод, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ, аз рӯйи хондан ва аз ёд кардани осори адибони бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳар кадоме аз онҳо ба устодони пуртаҷриба вобаста гардида, барои дар доираи озмун омодагӣ гирифтан шароит муҳайё карда шуда буд. Дар сатҳи факултет пайваста суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешуд ва ин гуна чорабиниҳо боис гардид, ки онҳо дар назди аъзои ҳакамон хуб баромад намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шаванд.

Яке аз ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, гирандаи дипломи дараҷаи сеюм аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, омӯзгори кафедраи забони тоҷикии факултети филологгияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”  Маҳмурод Раҳмонов мебошад. Ба қавли устодон ва ҳамкоронаш ӯ ба китобу китобхонӣ майлу рағбати зиёд дорад. Пайваста асарҳои гуногунжанру гуногунмавзӯъро, хосатан асарҳои ба бачагон бахшидаро зиёд мутолиа менамояд. Ҳамин мутолиаи пайваста буд, ки ӯ дар давраҳои гуногуни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо муваффақият баромад намуда, ниҳоят дар даври ҷумҳуриявӣ баъд аз хулосаи аъзои ҳакамон ба ҷойи намоён шарафёб гардид.

Қайд намудан зарур аст, ки ташкилу баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бисёр истеъдодҳои нави китобхону китобдонро кашф намуд, ки ҳар кадоми онҳо имрӯз ва оянда метавонанд чун соҳибони асили ин марзу бум дар пешрафту шукуфоии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд. Баргузории ин озмун воқеан ҳам дар ҷомеа як инқилоби маънавиеро ба вуҷуд оварда, боиси ташаккулу дониши насли наврасу ҷавон гардид. Маҳмурод Раҳмонов, ки худ омӯзгор аст, зикр намуд, ки ин китобхониву китобдонии миллати мо неъмату хазинаи бузурги маънавӣ аст, ки тавассути он мо метавонем, кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз китоб аст, ки аз он илму дониш гирифта мешавад ва баҳри равнақи соҳаҳо истифода мегардад. Китоб манбаи донишу хирад ва роҳнамои кору фаъолияту амал ва дарки ҳодисаву падидаҳои замон шинохта мешавад. Китобхонӣ бошад шуғлест, ки инсон тавассути он метавонад орзуҳои худро амалӣ кунад. Тавре шоир фармудааст:

         Сафои зиндагонӣ дар китоб аст,

         Бақои зиндагонӣ дар китоб аст.

Тавре зикр намудем Маҳмурод Раҳмонов аз рӯйи хондан ва аз ёд намудани осори адибони бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзид. Интихобу аз рӯйи ин номинатсия баромад кардани он бесабаб нест. Зеро ӯ дар баробари омӯзгорӣ ба таҳқиқу пажӯҳиши адабиёти бачагона машғул аст. Дар кори таълиму тарбия ва машғулиятҳои дарсии худ низ аз он васеъ истифода менамояд. Ба қавли худи ӯ адабиёти бачагона дер боз қалбашро тасхир намудаву ба он мароқи зиёд зоҳир менамояд.

Яке аз хусусиятҳои дигари ин озмун ба ҳам овардани қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гардидани иштирокчиёни он буд. Маҳмурод Раҳмонов низ зикр дошт, ки ҳангоми иштирок мо дӯстони зиёд пайдо намудем, аз баромадҳои ҳамдигар баҳраҳои зиёди маънавӣ гирифтем, ки он маҳз тавассути ҳамин озмун насибамон гардид. Бояд эътироф намоем, ки дар озмун соҳибистеъдодҳои зиёде бо ҳам омада буданд, ки ҳар кадом лоиқи дастгириву муаррифии бештар аст. Дар воқеъ, тамоми оилаҳои кишвар ҳамарӯза даври ҷумҳуриявии озмунро бесаброна интизор шуда, аз он баҳри худ манфиати зиёд мегирифтанд. Ба фарзандҳояшон талқин менамуданд, ки китобу китобхонӣ чӣ гуна ба инсон шуҳрату шукуҳ меорад ва ба амали шудани орзуҳояш мусоидат мекунад. Муҳим аз ҳама инсонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол мерасонад.        

Тазаккур бояд дод, ки ҳоло Маҳмурод Раҳмонов низ чун дигар устодон барои омода намудани хонандагону донишҷӯён ба ин озмун дар соли 2021 машғул аст. “Ӯ мегӯяд, ки ман талош дорам, ки шогирдонам ҳам дар ин озмун ширкат варзанд ва соҳиби ҷойи намоён шаванд. Худам ҳам боз омодагӣ гирифта истодаам. Бовар дорам, ки имсол ҳам дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи намоён мешавам”.

Беҳтарин  ёри вафодор  китоб аст, китоб,

Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Дар воқеъ, ёри вафоду беозор ва ҳамнишини хуб китоб асту китоб. Ҳар нафаре, ки бо китоб ҳамрозу ҳамнафас аст, ҳамеша комёру бахтёр аст.

 

 

Сангимурод Шарифов, декани факултети филологияи тоҷик,

Файзулло Абдураҳимов, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик