«Тоҷикон» аввалин тадқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кардааст…..

…Вай дар солҳои басо мушкил ба тадrиr ва таълифи китобе аз таърихи халrи тоxик шурeъ намуд. Ковишу xустуxeйҳои пайвастаи e дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоxон Uафуров «Таърихи мухтасари халrи тоxик» панxоҳ сол муrаддам – соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсeзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсb ин корро ба анxом расонд ва барои ҳмзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таxрибаи аввалини таърихнависии тоxик дар замони шeравb буд ва онро муҳаrrиrони намоён, шарrшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобоҷон Ғафурович Ғафуров дар ҳақиқат инсони аср буд. Ин дар он замонҳое буд, ки  ибораи яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҳамон солҳо вирди забонҳо буд: «Шарқ  бедор гардид танҳо Институти шарқшиносӣ дар хоб аст». Б. Ғ. Ғафуров корҳои зиёдеро анҷом додаст, то ин ки сиёсати кишвари мо бо ба ҳисоб гирифтани омилҳои шарқӣ бунёд гарданд.  Шарқ моро дар хотир дошт. Дар даврони фаъолияти Б. Ғ. Ғафуров сохториҳои нави Институт поягузорӣ шуданд, нашриёти «Адабиёти Шарқ» созмон ёфт.

Ӯ моро бакор истихдом намуд, Шахсан ӯ маро инсони хушбахт гардонид.

Ӯ инсони одӣ набуд. Ӯ инсони асил буд. Ӯ, содда карда гӯем, ҳамзамон ҳам таҳиягар ва ҳам бозигар буд. Ӯ табиатан фаррохнигар ва ба таври шарқиёна хирадманд буд. 

Р. Б. Рибаков,

доктори илмҳои таърих, ҳиндшиноси машҳур

директори Институти шарқшиносии АИ Русия

 

Дар бораи Б. Ғ. Ғафуров метавон китоби бузурге навишт. Ӯ шахсияти барҷаста, ҳамаҷониба ва миқёсан бузурге буд.

Ин шахс дар бораи худ хотираи дурахшоне гузоштааст. Ӯ барои ҷумҳурӣ хидмати зиёде кард ва барои инкишофи илми шарқшиносӣ саҳми бузурге гузошт. Хотираи дурахшони ӯ дар қалби мо маҳфуз хоҳад монд.

 

В. М. Солнсев,

директори Институти забоншиносии АИ Русия,

Узви вобастаи АИ Русия. 

 Яке аз хислатҳои фарқкунандаи Б. Ғ. Ғафуров ин возеҳии ҳадафҳо ва роҳҳои ба он расидан, дар аксари маврид ғайримустақим ва на шитобкорона, вале хирадмандонаву шарафмандона буд. Ва он ки таҷрибаи бузурги ҳаётие, ки ақлро хирад мебахшад, «аз они ман»-ро ба «аз они мо» мубаддал месозад.

Дуюм, маҳорат ва санъати муносибат кардан бо одамон. Шояд ин маҳорати на ба ҳар шахс хос пайванд ба мардуми Шарқ будани ӯ ва шояд он як чизи худодод бошад. Аммо гоҳе иттифоқ меафтод, ки пас аз мулоқот бо Б. Ғ. Ғафуров душман дӯст мегардид ё ин ки дар ниҳояти кор душманиро қатъ мекард. Муносибати ӯ бо ҳамкасбон ҳам шавқангез ва ҳам омӯзанда буд.

Сеюм, ин таҳлили ҷиддии замони муосир ва шавқу рағбати бениҳоят ба омӯзиши ҷамъхиятҳои анъанвӣ буд… «Шарқ кори нозук аст» – ин шиор қабл аз он ки дар экранҳои кино намоён шавад, ҳамеша вирди забони Б. Ғ. Ғафуров буд.

Чорум, ин такомули маҷмӯъии шарқшиносӣ ҳамчун илм, ҳамчун муносибати илмӣ, ҳамчун Институт мебошад. Яъне дар даврони Б. Ғ. Ғафуров дар Институт як силсила шохаҳои нави илми шарқшиносӣ пайдо мешаванд (ва шумораи ходимон низ чанд баробар афзун мешавад).

Панҷум, ин қобилияти барҷастаи дипломатии ӯст. Дар аксари маврид мулоқотҳои ғайрирасмӣ, вале ба таври шарқиёна баргузоршуда бо ходимони сиёсии мамолики Шарқ, барои барқарор намудан ё такомули васеи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакати мо бо кишварҳи навбатии Шарқ «санги маҳак» буд.

Шашум, ин интернатсионализми амиқ ва шӯҳратманд. Барои Б. Ғ. Ғафуров ҳам баланд бардоштани  шахсият ва ҳам номақбулии қисматҳо, анъанаҳо ва русуми миллӣ яксон бегона буданд.

И. Ю. Юдаков,

котиби илмии Институти шарқшиносии АИ Русия

 Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки дар паҳлӯи Б. Ғ. Ғафуров дар давоми ду даҳсола. яъне дар тӯли тамоми сарварии ӯ дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав кор кунам. Дар ин солҳо моро ҳамкории шахсӣ дар инкишофи робитаҳои илмии байналхалқии Институт мепайваст. Ва ин вазъ ба ман имкон медод, ки фаъолияти ӯро аз наздик дар чорчӯбаи ҳам Институт ва ҳам хориҷ аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар созмонҳои байналхалқӣ мушоҳида кунам.

Академик Б. Ғ. Ғафуров ҳамеша ба инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкории байникишварҳо аҳамияти бузург медод ва ман ба хулосаи қатъӣ омадам, ки  ин равияи корро ӯ аз ҳама корҳои дигари худ бартару заруртар мешуморид. Яке аз натиҷаҳои чашмраси ӯ дар Маскав гузаронидани Кунгураи байналмилалии шарқшиносӣ дар моҳи августи соли 1960 буд.  Ба дунболи он дар соли 1964 ӯ олимони шӯравиро ба Кунгураи шарқшиносони Ҳинд дар Ню-Дели сарварӣ кард. Дар соли 1973 бошад ба ҳайси сарвари ҳайати хеле калони олимони шӯравӣ дар кори Кунгураи ҷашнии шарқшиносон дар Порис ширкат намуд. Ин Кунгура пас аз сад соли гузаштани Кунгураи аввалини байналхалқии шарқшиносон даъват шуда буд. Дар Кунгураи Порис Б. Ғ. Ғафуров ноиб-президенти Иттиҳодияи байналхалқии шарқшиносон интихоб гардид.

Б. А. Литвинский,

академики АИ ҶТ

Мулоқоти нахустини ман бо Б. Ғ. Ғафуров 30 сол пеш дар Порис, ки ман дар он ҷо аз соли 1964 дар ташкилоти ЮНЕСКО адои вазифа менамудам, рух дод. Маро бо ӯ ва духатараш Нелли академик К. М. Бонгард-Левин шинос намуд.

Ҳангоме ки аз ман дар бораи Б. Ғ. Ғафуров ва хотироти асосию фаромӯшношуданиам доир ба ин шахияти ғайриодӣ суол мекунанд, бе дудилагӣ ҷавоб медиҳам: – Ӯ шахси наҷиб ва дар айни замон  сиёсатмадори модарзод, сиёсатмадори барҷаста, сиёсатмадори худодод буд. Зимнан сиёсатмадори дараҷаи махсус, зеро дар солҳои мушкил ва ноосудаи мамлакат ӯ кӯшиш намуд, ки  дар кору фаъолияти худ асосҳои ахлоқиро ҳифз намояд, инсони бошарофат  бимонад…

Дар шахсияти Б. Ғ. Ғафуров хислати дигари ӯ хеле баръало зоҳир мегардид – ӯ одами шарқӣ, фарзанди халқи тоҷик, ватанпарасти шаҳрчаи худ, ки дар  он ҷо даврони кӯдакиаш сипарӣ шуда ва имрӯз номи ӯро гирифтааст, буд. 

А. И. Мирошников,

номзади илмҳои таърих

Бори охирин, ба фикрам, Бобоҷон Ғафуровро моҳи Марти соли 1977 дар чорабинии бахшида ба ҷашни симои азодандеши тоҷики асри Х1Х Аҳмади Дониш дидам.

Дар хусуси вожаҳои умумии фаъолияти Б. Ғ. Ғафуров дар Институт сухан гуфта,  ман бори дигар ба ёддоштҳои Фаниа Александровна Тодер  рӯй меоварам. Боре як олими хориҷӣ аз ӯ суол мекунад, ки  чаро раёсати Институтро  Ғафуров ба ӯҳда дорад ва дар кадом соҳаи илми шарқшиносӣ фаъолият мекунад (ин кор пеш аз нашри китоби «тоҷикон» сурат гирифта буд). Ӯ ба андешаи  ман хеле посухи дақиқ додаст: «Ғафуров хирадманди шарқӣ аст ва ҳатман чуни шахс бояд сарвари Институти шарқшиносӣ бошад…»

Хотираи дигаре дар лавҳит хотирам боқӣ мондааст. Вақте ӯ дарк кард, ки ба дарди бедавое мубтало шудааст, бо баҳонае ба Арабистони Саудӣ ба сафари хидматӣ мебарояд ва дар айни замон маросими ҳаҷро ба ҷой меоварад. Пас аз бозгашташ ман дар омади гап гуфтам: «Акнун шуморо ҳоҷӣ Бобоҷон гӯем ҳам мешавад!»

Дар ҷавоб ӯ табассуми асроромезе кард. Бо вуҷуди ин ҳама ӯ барои ҷон додан ба сӯи ватан парвоз кард. Реша ва пайвандҳои суннатии ӯ мустаҳкамтар баромад.

Б. Ф. Ключников, профессор

Дар хусуси Б. Ғ. Ғафуров ходимони сиёсии ҳизбӣ хеле навиштаанд. Вале дар бораи як инсони одӣ – сарвар, омӯзгор, мураббӣ ва шахси оиладор кам сухан гуфта шудааст.

 Бо Б. Ғ. Ғафуров моҳи апрели соли 1969 шинос гаштам ва чун мушовири коршиноси ӯ то охири ҳаёташ (1977) кор кардам. Бо Б. Ғафуров ҳамон замон муносибатҳои корӣ, вале хеле нарм барқарор шуд. Ҳамчунин ӯ нисбат ба дигар ходимони маъмурӣ ҳам муносибати гарму самимона дошт.

Б. Ғ. Ғафуров чун сарвари оила хеле оиладори хуб буд. Ӯ духтараш Нелли, бародараш Олимҷон, хоҳаронаш Тоҷӣ ва Зебиро хеле дӯст медошт, ҳангоми зарурат ба онҳо ёрӣ мерасмонд.

Б. Ғ. Ғафуровдар як шабонарӯз 10-12 соат, ҳатто рӯзҳои истироҳат ҳам кор мекард.

Боре ҳангоми сафари роҳабри Ҳаракати озодихоҳии Фаластин Ёсир Арафот Б. Ғ. Ғафуров мебоист бо супориши ҳукумат бо ӯ гуфтушинуд гузаронад. Пас аз гуфтугӯи телефонӣ маълум шуд, ки ин мулоқот танҳо шабона баргузор шуда метавонад.Вақте ки аз он баргаштем, соати яки нисфишаб буд. Ногуфта намонад, ки Б. Ғ. Ғафуров супоришҳои давлатиро, ба хусус агар мавзӯъ сари мушкилоти кишварҳои Шарқ бошад, ба зудӣ анҷом медод.

Б. Ғ. Ғафуров дар назди роҳбарони давлат обрӯю эътибори зиёд дошт.

Дар яке аз чорабиниҳои ботантана дар толори хонаи Иттифоқҳо дар ҳуҷраи пазироии меҳмонони хоса ман шоҳиди чунин гуфтугӯ гаштам.. Яке аз таърихнигорони шинохта, ки аз нашри китоби барҷастаи «Тоҷикон» норизо буд, гуфт: «Бояд ба ин китоб як тақризи манфӣ ба чоп расонд». Дар ҷавоби ин узви Бюрои сиёсии КМ КПСС М. А. Суслов, ки шарики ин гуфтугӯ буд, гуфт: «Ман барои шумо кардани ин корро маслиҳат намедиҳам, – Ғафуровро наметавон шикаст дод»…

Б. Ғ. Ғафуров дар ҳақиқат интернатсионалисти  ҳақиқӣ ва ҳамеша намоёнгари сарсупурдаи Тоҷикистони азизаш буд. Агар равонаи ягон мулоқоти ботантана  ё сафари хориҷ аз кишвар мешуд, ӯ ҳамеша тоқиашро ба сар мекард. Дар ҷои кораш бошад, ӯ ҳамеша ҷомаи тоҷикӣ дошт, ки бо он ҳангоми истироҳат болои худро мепӯшид. Тоқиашро, бахусус  дар хориҷ аз кишвар ӯ боэҳтиёт ҳамроҳи ҳуҷҷатҳояш дар ҷайби дохилии пиҷакаш наздиктар ба қалби худ нигаҳ медошт.

Б. Ғ. Ғафуров мусиқии халқии миллиро бисёр дӯст медошт, махсусан мусиқии асбобҳои халқиро.

Г. К. Широков,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

…Дар соли 1968, агар хотираам фиреб накунад, масъалаи навиштани китоби нав ё нашри чоруми «Таърихи халқи тоҷик» ба миён омад. Вақте ки навбати суҳбат ба ман шуд, гуфтам: «Китоби нав нависед». Он гоҳ он касс дар ҷавоб гуфтанд: «Оё шумо розӣ ҳастед, ки муҳаррири масъули он бошед?»

Ба интихоби номи китоб шурӯ кардем. Б. Ғ. Ғафуров пешниҳод кард: «Тоҷикон» меномем. Ва он ки хатари он вуҷуд дошт, ки дигарон метавонанд озурда гарданд…

Роҳбарони яке аз ҷумҳуриҳои осиёмиёнагӣ аз нашри китоби «Тоҷикон» сахт озурда гардиданд ва дар мактуби ба унвони КМ КПСС навиштаашон пешниҳод намуданд, ки Б. Ғ. Ғафуров маҳкум карда шавад. барои санҷиши ин кор шарқшиносони ленинградиро сафарбар намуданд. Тақризи онҳо интишор нашуд. 

А. М. Гребнев,

мушовири коршиноси Б. Ғ. Ғафуров (1969-1977) 

 

Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси доир ба  мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст.

Ричард Фрай, таърихнигори амрикоӣ

 

 

Омодасоз: Файзидин НАБОТОВ,

мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДБ