Самаранок истифода бурдани замин аз фарҳангу масъулияти ҳар сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Замини хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст.

Имрӯз, омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар ин мавзеъ ҷамъ омада дар зери дарахтони боғи хоҷагӣ, 5 тонна картошка кишт карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки замини хоҷагии мазкур 5 гектар буда, дар 3 гектари он боғ бунёд шуда, дар он дарахтони гелосу зардолу, себу ангур, анору шафтолу ва амсоли шинонида шуда, қисми зиёди онҳо боровар мебошанд.

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти самараноку оқилона истифода бурдани замин ва аз он се чор ҳосил рӯёнидан сармашқи кори худ намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта дар ин мавзеъ ба ҳар факултаи донишгоҳ қитъаи замини махсус вобаста гардида, устодон ҳангоми фориғ аз дарс ба ин минтақа сафарбар шуда, ба кори кишоварзӣ машғул мешаванд. Дар натиҷаи дуруст риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани озуқа картошка хуб нашъунамо намуда, ҳосили дилхоҳ низ ба даст омад. Аз майдони 3 гектар замин беш аз 11 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ