Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани «Факултети беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Куратори беҳтарин», «Синфхона ва озмоишгоҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин корманди хоҷагӣ» баргузор мегардад.

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Шарт ва тартиби баргузории Озмуни мазкур барои дарёфти беҳтаринҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
  3. Дар озмун тамоми факултетҳо, кафедраҳо, кураторон ва кормандони хоҷагӣ иштирок карда метавонанд.
  4. Ҳадаф ва мақсади озмун
  5. Озмун дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Низомномаи Шӯрои кураторон», «Низомномаи кураторон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баргузор мегардад.
  6. Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳияи дурусти низоми коргузорӣ, масъулиятшиносӣ, таҳкими корҳои созандагӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати кормандон ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист равона мегардад.
  7. Ҳайати комиссияи озмун
  8. Ҳайати комиссияи озмун аз тарафи ректори донишгоҳ муайян ва тасдиқ карда мешавад.
  9. Аъзои ҳайати комиссияи озмун воқеъбинона аз рӯйи талаботи пешбинишуда фаъолият намуда, беҳтаринҳоро интихоб менамоянд.
  10. Тартиби баргузории озмун
  11. Озмун дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ташаббускорӣ, эҷодӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳит баргузор мегардад.
  12. Озмун дар доираи нишондиҳандаҳои зерин, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, бодарназардошти таҳлили натиҷаҳои фаъолият дар давоми соли таҳсил ҷамъбаст мегардад, сурат мегирад.
  13. Шартҳои озмун:
  14. «Факултети беҳтарин»:

– шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд;

– мавҷудияти сомонаи муассиса ва шумораи ташрифоварандагон  дар дар давоми соли таҳсил;

-омӯзгороне, ки фосилавӣ бо донишҷӯён ҳамкорӣ доранд;

– миқдори ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар давоми соли таҳсил дараҷаи илмии донишкада ва ё донишгоҳҳои хориҷи кишварро гирифтанд (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– миқдори ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар давоми соли таҳсил барои таълим ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– миқдори омӯзгорони ҳориҷие, ки дар давоми соли таҳсил барои таълим ба донишкада ва ё донишгоҳ даъват шуда, дарс гузаштаанд (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– шумораи ҷойҳои ишѓолкардаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ (дар давоми соли таҳсил);

– сатҳи сифати таҳсилот аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сессияи  зимистонаи соли таҳсили 2020-2021;

– сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи  соли таҳсили 2020-2021;

         – ҳиссаи донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсил, ки дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ширкат менамоянд;  

– мавҷудияти технопаркҳо, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва истифодаи самараноки онҳо;

– мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим;

-корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзори назди факултет ва қитъаҳои замини вобасташуда.

-пардохти маблаѓи шартномаи таҳсили донишҷӯён ва магистрон;

-таъмини ҳолати санитарию гигении факултетҳо, ташкили дафтарчаҳои санитарии  омӯзгорон ва кормандон ; 

– ҳиссаи хатмкунандагоне, ки муддати як соли хатм аз рӯи ихтисос ё роҳхат ба кор қабул шудаанд;

-пешгирии фалокатҳои эҳтимолияти сар задани сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи лозима ба роҳ мондани  биноҳои таълимӣ дар раванди зимистонгузаронӣ.

 – шумораи қабули донишҷӯён ба магистратура дар таносуб бо шумораи қабули донишҷӯёни зинаи бакалавриатура;

 – миқдори ҳайати омӯзгорон ва кормандони илмӣ, ки ҷоизаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мукофотонида шудаанд;

  1. “Кафедраи беҳтарин”:

– миқдори омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидоштаи доимӣ (штатӣ);

-ба дарсшиканӣ роҳ надодани омӯзгорон;

-беҳтар будани сифати таълим дар дарсҳо;

– миқдори рисолаҳои доктории ҳимояшуда соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– миқдори рисолаҳои номзадии ҳимояшуда соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ):

-миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои КОА нашршуда соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– миқдори китобҳои дарсии тахассусӣ бо забони давлатӣ нашргардида соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ соли таҳсили 2020-2021 (аз рӯи дараҷа (патент, гувоҳнома, шаҳодатномаи зеҳнии аз ҷумҳурӣ берун) аз ҳисоби  умумии омӯзгорони доимӣ);

 – миқдори монографияҳои илмии нашршуда соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ соли таҳсили 2020-2021 (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ);

– мавҷудияти системаи идораи иттилоотӣ;

– миқдори мутахассисоне, ки дар МТОК такмили ихтисос ва ё бозомӯзии касбиро гузаштаанд.  

  1. «Куратори беҳтарин»:

 сифати дарсгузарии куратори гурӯҳ;

нақшаи кори куратори гурӯҳ дар давоми соли таҳсил;

ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби куратор мувофиқи талаботи феҳристи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-иштирок намудани гурӯҳҳо дар чорабиниҳои вилоятӣ, ҷумҳурявӣ  ва хориҷи кишвар;

алоқаи волидайни донишҷӯ бо куратори гурӯҳи академӣ;

– омода кардани гурӯҳи академӣ аз ҷониби куратор ба чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, олимпиадаҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, инчунин иштирок дар маъракаҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ;

барои муайян кардани куратори беҳтарин фаъолияти солонаи куратор ба назар гирифта мешавад (сентябр то май соли таҳсил);

  1. «Синфхонаи беҳтарин»:

– эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мавҷуд будани муқаддасоти давлатӣ;

– тозагии синфхона ва мавҷуд будани маводи безараргардонӣ;

– таъмин будани синфхона бо айёниятҳои таълим;

– хисси зебоипарастӣ;

  1. «Беҳтарин корманди хоҷагӣ:

– риояи интизоми меҳнат;

– иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарият;

– дуруст иҷро намудани вазифаи базиммадошта.

  1. Ҳавасмандгардонӣ.

Ѓолибони озмун аз тарафи Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда мешаванд:

Беҳтарин факултет  бо ноутбук;

Беҳтарин кафедра  бо компютер ва принтер;

Беҳтарин куратор бо компютер;

         Беҳтарин синфхона ва озмоишгоҳ бо телевизиор ва dvd;

           Беҳтарин корманд бо роҳхат ба истироҳатгоҳи дохили ҷумҳурӣ;