Мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

Ин воқеият, дар пайраҳаи  пурпечутоби зиндагӣ ӯро ба бозича қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дасисаю моҷаро, худбохтагию бегонапарастӣ, найрангу тақаллуб, разолату хиёнат, бенангию беномусӣ, ҷаҳолату беҳайсиятӣ, ҳукмфармо буданд. Ва имрӯз ӯ дар мавҷҳои пурталотуми ин ҳама кассифӣ роҳи наҷот  ёфтанист, вале мафкураи банди ҷаҳолат, дастони ӯро ба ин ҷода раҳнамун сохтаю ӯро бештар аз пештар  ба оғуши ин торикӣ тела медиҳанд. Дар ин филмнома сухан дар бораи шахсе бо ному насаби Муҳаммадиқболи Садриддин меравад. Кист ӯ? Чаро ба сифати чеҳраи манфии ин филми мустанад интихоб шуд.

Дар ин бора фикру ақидаҳои нафароне, ки М. Садриддинро мешиносанд дар ин филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” гуфта шудааст.