dav

Ҳайати профессорону устодони донишгоҳро дар соли сипаригардида 672 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 29 нафар докторони илм, профессорон, 142 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 387 нафар саромўзгорон, омўзгорон ва ассистентон ташкил медод, ки онҳо дар 45 кафедра муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул буданд. Дар донишгоҳ 33 нафар устодоне фаъолият доранд, ки бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

 

Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омўзгорон ва тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳар як фармону дастурамалҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳди зиёд менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-методии худ ҳайати профессорону омўзгорони донишгоҳ ҷашнҳои 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихиро сазовор пешвоз гирифтанд.

 

Дар соли ҳисоботӣ ба сифати устодони ҳамкор ва роҳбарони илмии аспирантону унвонҷўён фаъолият намудани докторони илм, профессорон дар пешрафту ташаккули таҳқиқоти илмии соҳаҳои кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, физика, риёзӣ, информатика, филология ва ғайра назаррас мебошанд. Дар соли 2020 бист нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд. Аз ҷумла Собиров Ҷ. Ф., аз кафедраи физикаи умумӣ, Алимов Д.Х., аз кафедраи таърихи умумӣ рисолаҳои докторӣ ва Қодиров Б. Б., аз кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, Абдураҳимов С. Қ., аз кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ ва дигарон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

 

Аз 20 нафар устодони рисолаашонро дифоъкарда 6 кори дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд. Дар соли ҳисоботӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рўйи 45 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 70 мавзўъро дар бар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 984 номгўйи кор, аз ҷумла 49 номгўи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 4 монография, 188 номгўйи мақолаҳо ҷамъбаст кардаанд. Дар конференсияҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ 241 мақола ва дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ бошад 502 гузориш намуданд.

 

Дар соли 2020 вазъи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар Шўрои олимони донишгоҳ 10 маротиба ва дар ҷаласаи ректорат бештар аз 8 маротиба баррасӣ шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар Шўрои илмию дастурдиҳии донишгоҳ бошад, зиёда аз 20 мавзўи характери илмӣ ва илмӣ-методӣ дошта мавриди баррасӣ қарор ёфт. Соли 2020 дар иҷрои се мавзўи фармоишӣ 8 нафар докторони илм, 6 нафар номзадҳои илм ва 2 нафар саромўзгор, ҷамъ 16 нафар машғул буданд. Муҳаққиқони ин лоиҳаҳои илмӣ- таҳқиқотии фармоишӣ 6 дастури таълимӣ ва 33 мақолаи илмию илмӣ-методӣ нашр намуда, дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 25 гузориш додаанд.

 

Чи тавре, ки дар боло қайд намудем, устодону профессорони донишгоҳ дар давраи ҳисоботи зиёда аз 984 номгўйи кори илмӣ ва илмӣ-методӣ нашр намудаанд. Аз ҷумла теъдоди зерини китобу дастур таълиф гардид: Давлатзода С.Х., Баротзода К., Исозода К., Бобоҷони Ш. Донишномаи биологӣ, китоби якум. Душанбе. 2020. 395 с., Давлатзода С.Х., Баротзода К., Исозода К., Бобоҷони Ш. Донишномаи биологӣ, китоби дуюм.

 

Душанбе. 2020.451 с., Собиров Дж.Ф.,Гортышова Ю.Ф., Сафаров М.М. Теплофизические и термодинамические свойства полуправодников в сегнето–и параэлектрическом состоянии и в среде наножидкостей (расчет, эксперимент, влияние носителей, температуры и давления) – Бохтар, 2020, 305 с. Натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар соли 2020 таҳлил намуда, фаъолияти хуби инфиродии профессоронро дар самти баланд бардоштани потенсиали илмии донишгоҳ махсус бояд қайд кард, ки дар ин баробар Шарифзода Ҷ. Ш., Давлатзода С.Х., Абдураҳимзода Қ.С., Сафаров Ҷ., Холназаров С., Абдуназаров Х., Сатторов А., саҳми беандоза доштанд.

 

Бо вуҷуди ҳамаи ин муваффақиятҳо бояд таъкид кард, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани устодони соҳиби дараҷаи илмӣ махсусан, дар кафедраҳои методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ (мудираш н.и.т. Набботов Ф.С.), курси амалии забони русӣ (саромўзгор Сафархоҷаева З), педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ (мудираш н.и.п., Ҳалимов З.), география (мудираш Неъматов М.), курси амалии забони англисӣ (мудираш Толибова Г.), методикаи таълими забони хориҷӣ (мудираш Қаршиева Г.), назария ва типологияи забони англисӣ (мудираш Тағоева Т.М.), дар соли ҷорӣ чашмрас набуда, мақола ва дигар маводи илмӣ низ ниҳоят кам ба нашр додаанд. Кафедраҳои номбаргардидаро лозим аст, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани потенсиали илмии кафедра аз унвонҷўӣ, докторантура PhD, коромўзӣ гузаронидани омўзгорон ба ҳайси ходимони илмӣ, курсҳои такмили ихтисос ва дигар тарзу усулҳо истифода баранд.

 

АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАҲОИ МАГИСТРАТУРА, АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА PHD

Дар донишгоҳ шуъбаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура PhD фаъолият менамоянд. Ин шуъбаҳо дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ зинаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Соли 2020 шумораи умумии аспирантони донишгоҳ ҳамагӣ 14 нафар буда, аз ин шумора 3 нафар дар шуъбаи рўзона ва 11 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Соли 2020, 17 нафар аспирантон ва унвонҷўёни донишгоҳ рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Боиси нигаронӣ аст, ки аксар аспирантон ва унвонҷўёни донишгоҳ як ҷузъи корҳои илмиашонро иҷро карда, бо ҳамин қаноатманд гардида, рисолаҳои номзадиашонро ба ҳимоя пешниҳод намекунанд. Бинобар ин, мудирони кафедраҳо, роҳбарони илмӣ ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогиро лозим аст, ки дар тайёр намудан ва интихоби номзад ба қабули унвонҷўӣ ва докторантура PhD диққати ҷиддӣ дода, дар муддати таҳсил аз болои онҳо назоратро пурзўр намоянд ва мунтазам аз рафти иҷрои нақшаи инфиродии онҳо ҳисобот талаб намоянд.

 

Баъди таъсис додани маҷаллаи илмии «Паём»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳаққиқон, аспирантону олимони донишгоҳ имконияти беҳтари нашри корҳои илмии худро пайдо намуданд. Маҷалла дар тамоми сохторҳои давлатӣ оид ба нашрияҳо аз қайд гузашта, 7 сол боз кори худро идома дода истодааст. Маҷаллаи мазкур аз силсилаҳои илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ, сисилаи илмҳои табиӣ, силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ иборат буда, аз 20.07.2017 силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба феҳрасти маҷаллаҳои КОА Федератсияи Русия пайваст шуда, соли 2020 ба феҳристи КОА-и Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

 

КОНФЕРЕНСИЯ ВА ДИГАР ҲАМОИШҲОИ ИЛМӢ

Дар соли ҷорӣ дар асоси банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию теҳникӣ, конференсияҳо симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» 3 чорабинии илмӣ- 2 конференсияи байналмилалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда буд. Бо назардошти ҳассосияти вазъи пандемикии ҷаҳон, хуруҷи бемории ҷаҳонгир ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавируси навъи COVID-19 гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо муваққатан тамдид гардида буданд.

 

Дар мувофиқа бо садорати донишгоҳ тибқи «Нақшаи баргузории семинарҳо, машваратҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳо», ки бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, санаи 5.11.2020 дар донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он 18 нафар докторони илм, 80 нафар номзадони илм, дотсентон иштирок варзиданд.

 

Санаи 2.11.2020 дар қироатхонаи донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Омўзиши осори риёзӣ, табиӣ, зистшиносӣ, кимиёӣ, тибии Абуалӣ ибни Сино» бахшида ба 1040 солагии ў баргузор гардид.

 

Садорати факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ду мизи мудаввар бахшида ба рўзи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рўзи Президент» баргузор намуд. Санаи 13.11.2020 конференсияи муштараки ДДБ ба номи Носири Хусрав ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба «Рўзи Президент» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини КИМ ҲХДТ Лутфуллозода Н., раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қ., 10 нафар докторони илм, профессорон, 40 нафар номзадҳои илм иштирок намуданд.

 

Санаи 5.12.2020 дар донишгоҳ конференсияи илмӣамалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Масоили мубрами математика ва таълими он» бахшида ба бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва ба 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор А.Э. Сатторов, баргузор гардид.

 

Дар кори конфронс беш аз 25 докторони илм, профессорон, 90 номзади илм, дотсентон иштирок намуда, дар 4 бахши конфронс 201 маърўза дар маҷмуаи конфронс ба табъ расид. Дар кори конфронс аз Муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии Қаршии Ҷумҳурии Узбекистон мақолаҳо ворид гаштанд.

 

Санаи 10.12.2020 дар донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо тариқи оналйнӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини раиси КИМ ҲХДТ Юсуфӣ Х., муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Ф., ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, дотсент Исозода Д., ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Шоҳиён Н.Н., ва дигарон ширкат намудаанд.

 

КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ДОНИШҶЎЁН

Ба туфайли ғамхориҳои пайвастаи раёсати донишгоҳ, ҳавасманд намудани донишҷўёни болаёқату соҳибистеъдод иштироки онҳо дар конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳои илмӣ ва озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявию вилоятӣ хеле фаъол гардид.

 

Соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои конференсияи солонаи илмӣ-назариявии устодону донишҷўёни донишгоҳ, ки 17-18 апрел баргузор гардид 584 нафар донишҷў гузориш доданд.

 

Дар донишгоҳ 50 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1348 нафар аъзоён ҷалб гардидаанд. Яке аз самтҳои кори маҳфилҳо ин иштироки донишҷўён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олипиадаҳои фаннӣ мебошад. Бо назардоши татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи марти соли 2020 аз рўи ихтисосҳои табиию риёзӣ ва илмҳои дақиқ баргузор гардид. Дар озмун аз донишгоҳи мо донишҷўёни зерин аз рўи ихтисосҳои табиию риёзӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:

 

  1. Азизов Орифҷон Тоҳирович-донишҷўи курси сеюми факултети химия ва биология, ихтисоси химия-биология аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм.

 

  1. Илёсов Шералӣ Ғиёсовичдонишҷўи курси панҷуми факултети физика, ихтисоси физика-информатика аз фанни физика, сазовори ҷойи сеюм. Бо фармони ректори донишгоҳ дар асоси қарори Шўрои олимон ғолибони озмуни «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳбарони онҳо бо мукофотҳои молиявӣ ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

 

Бо назардошти хуруҷи бемории коронавируси навъи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани хамагуна ҷорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз он ҷумла «Даври хотимавии олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ 2020», «Навовар» муваққатан қатъ карда шуд.

 

Донишҷўёни мо бо дарки ҳассосияти вазъи пандемикии дунё тариқи онлайн барои сайқали дониши худ дар «Олимпиадаи кушодаи байналмилалии интернетӣ аз рўи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика, забони русӣ» зиёда аз 125 нафар иштирок намуда, 10 нафари онҳо аз ихтисосҳои информатика (3 нафар), физика (3 нафар), математика (1 нафар) ва химия (3 нафар) ба даври сеюми олимпиадаи байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.

 

Умуман донишҷўёни мо дар озмунҳои гуногун дар соли 2020 сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Дар баробари ин устодон ва донишҷўёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои зерин гардиданд:

 

  1. Маҳмадавлатова Сайёҳат – донишҷўи курси 2-юми ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ, сазовори ҷои дуюм.

 

  1. Шодиева Фархунда Муҳаммадовна – донишҷўи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, сазовори ҷои 3-юм.

 

  1. Аҳмадзода Моҳинав Сафармад – донишҷўи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, сазовори ҷои 3-юм.

 

  1. Сорбон Бобобев –донишҷўи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм 5. Дар ин баробари омўзгори кафедраи забони тоҷикӣ, Раҳмонов Маҳмурод Бегмуродович низ дар ин озмун иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардид.

 

Далелҳои зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки новобаста ба хуруҷи коронавируси COVID-19 тамоюли иштирок дар озмунҳои гуногуни вилоятию ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳ ривоҷу равнақи тоза гирифта, характери устувори болоравиро дорад. Боварӣ ҳаст, ки олимони ҷавон ва донишҷўёни донишгоҳ минбаъд низ дар озмуну чорабиниҳои илмии гуногун фаъолона ширкат варзида, домони дастоварду муваффақиятҳои донишгоҳ васеъ хоҳад гардид.

 

Ҷ. СОБИРОВ, муовини ректор

оид ба илм ва инноватсия