Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд.

 

Сада вожаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва Авесто вожаи «сат» ба маънии «сад», яъне адади сад омадааст.

 

Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.

 

Абурайҳони Берунӣ дар яке аз асарҳояш «Ат – тафҳим» оиди Сада номида шудани ин ҷашн чунин гуфтааст. «Чунон аст, ки аз он то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Яъне 20 рӯз аз моҳи Баҳман ва 30 рӯз аз моҳи Исфанд.

 

Баҳманмоҳ ва Исфандмоҳ моҳҳои 11 ва 12- уми солшумории Яздигурдӣ мебошад. Тақвиме, ки дар зиндагии мардум мавқеи калон дошта, баъд дар Тоҷикистон аз байн рафтааст, солшумории Яздигурдӣ мебошад. Ҳисоби Яздигурдӣ аз замони Сосониён (асрҳои 4-6) тақвими маъмурии ин хонадон будаааст. Ҳисоби Яздигурдӣ бо номи шоҳи Сосониён Яздигурди Шаҳриёр вобаста аст.

 

Аввали моҳи солшумории қадимии форсу – тоҷик фарвардин буда, рӯзи аввали он Наврӯз аст, ки ба 21 ё 22 март баробар меояд ва бо соли шамсӣ мувофиқат мекунад, ки 1- уми Ҳамали ин сол низ бо 1-уми Фарвардин мутобиқ аст. Солшумории Яздигурдӣ бо солшумории шамсӣ (хуршедӣ) як аст, яъне соли 1350 шамсӣ бо ҳамин соли Яздигурдӣ баробар аст.

 

Аз рӯи хабарҳои Муҳаммади Наршахӣ, Абӯлқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Байҳақӣ ва дигарон ҷашни Сада дар рӯзи даҳуми моҳи Баҳмани солшумории хуршедӣ ҷашн гирифта мешудааст, ки тибқи тақвими мелодӣ баргузории он ба рӯзҳои 30 – 31-уми январ баробар аст. Манучеҳрии Домѓонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро ёдоварӣ намудааст.

 

Ҷашни Сада, амирро расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарс Исфандиёр бошад.

 

Дар баъзе дигар ривоятҳои қадима пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ ҷиҳати баргузории ҷашни Сада шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин баста, оташ меафрӯхтанд, шаби тор ба мисли рӯз равшан мешуд ва ин ҷашнро бо шавқ тамошо мекарданд.

 

Ҷашни Садаро Абӯлқосим Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Устураи дуввуме, ки дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, аз нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду рустании ба ҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шудаанд ва аз насли онҳо авлоди башар арзи вуҷуд намуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайнул-ахбор», вақте миқдори аввалини инсонҳо аз авлоди Каюмарс ба сад нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтаанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ кардаанд.

 

Т. ИСОЗОДА,

декани факултети таърих ва ҳуқуқ