Омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 26-уми январи соли 2021 дар толори фарҳангии донишгоҳ ва толорҳои факултетҳо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо намуданд.
Баробари садо додани суруди миллӣ аҳли толор аз ҷой бархоста, онро бо самимият гўш карданд.
Паёми Пешвои миллат, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таассуроти амиқ гузошт.
Кормандону омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав аз Паём рўҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистодаашон барои соли оянда тасмимҳо мегиранд.