Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.

Ин матлабро Тоҷиддин Исозода, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи носири Хусрав ба хабарнигори «Набзи Бохтар» Имрони Комрон баён дошт. Матни пурраи онро манзури хонандагон мегардонем:

Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифтааст. Он аз наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад ва марҳилаи омодагӣ ба Нав­рӯз мебошад. Ин ҷашн маҳз дар замони соҳиб­истиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон умри дубора ёфт.

Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки вожаи Сада марбут ба рақами 100 мебошад. Миёни Сада ва Наврӯз 50 шабонарӯз, яъне 50 рӯз ва 50 шаб мебошад ва аз ин сабаб онро Сада ном ниҳодаанд. Ҷашни мазкур сад рӯз баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва 50 рӯз то Наврӯз таҷлил мешавад. Фирдавсӣ оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад.

Моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист.

Қайд кардан зарур аст, ки яке аз аркони Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад. Парандаи дӯстдош­таи айёми ҷашни Сада хурӯс аст, ки мардумро аз дамидани рӯшноӣ хабар медод.

Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Ҳамин ки айёми сардиҳо поён меёбад, замин аз борони найсон ва барфу об нашъа мегирад. Аз замин, ки ризқрасони марди деҳқон аст, бӯи хоки мушкбез ба димоғ мерасад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешавад.

Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки ёдгории Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Хокистари гулхани ҷашни Садаро деҳқон бо умеди ҳосили босамар ба замин мепошад. Каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ боиси рӯйсурхии ӯ гардад.

Деҳқонон айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат, нуриҳои заруриро даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд.  

Дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо  — мошкичрӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон, хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва меваҳо себ, тарбузу ангур, оро медиҳанд.

Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».

Роҷеъ ба ҷашни Сада шоирони классикию муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони эронӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, сӯҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ, равшан гардондани зулмати шаб ва шояд беҳтарин амали он майхӯрӣ ва махмурии аҳли нишаст бошад, ки мо онҳоро дар шеъру қасидаҳои мадеҳасароёнамон ба хубӣ эҳсос карда метавонем.

Иброҳими Шукурзода дар китоби «Ақоид ва русуми мардуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор дода, маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст. Дар идомаи гуфтаҳои ӯ Ҳошими Разӣ ба оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ишора намуда, аз ҷумла навиштааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ ба гирди он мечархидану мерақсиданд ва ҳама пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд.

Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадоё медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида

Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).

Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”.

Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.