Имрӯз 30-юми январи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи номи Носири Хусрав чорабинӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Шарофиддин Асомиддинзода, мушовири ректор, Ҷӯрабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғоз дар саҳни факултети забонҳои хориҷӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ, гулу растаниҳо, ниҳолҳои мевадиҳанда, тухмиҳои зироатҳои полезӣ, сабзавоту меваҷот, олоти меҳнати деҳқон ва корҳои эҷодии устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

 

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Сада иди миллии халқи тоҷик буда, ҳамагонро ба оромию осоҳиштагӣ, бародарию баробарӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдилию меҳрубонӣ ва бунёдкорию сабзгардонӣ даъват мекунад.

“Боиси саодатмандии тамоми мардуми тоҷик аст, ки ҷашни бузурги аҷдодӣ – Сада маҳз тавассути раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрӯз ба як маросими ҳамдиливу ваҳдати миллӣ ва тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст”- афзуд Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар идомаи баромади худ.

Баъдан Маҳбуба Маҳмадалиева, омӯзгори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ  оид ба ҷашни Сада маърӯза намуда, зикр дошт, ки Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан” омадааст. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

 

Сипас, дар саҳни факултет гулхан, ки рамзи Сада аст, афрохта шуда. Дар идомаи иди Сада барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ манзури иштирокдорон гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ