Имрӯз 8-уми феврали соли 2021 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишасти хабарӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, зикр намуд, ки донишгоҳ раванди таълимро аз рўйи нақшаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар факултетҳои донишгоҳ аз рўйи 66 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассисонро тайёр менамоянд.

Таҷрибаомўзии донишҷўён тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда дар асоси шартномаҳои тарафайн гузаронида мешаванд. Бояд ҳаминро қайд кард, ки садорати донишгоҳ то имрӯз барои гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ бо зиёда аз 120 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, инчунин барои гузаронидани таҷрибаи педагогӣ бо зиёда аз 20 муассисаи таълимии шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияи Кӯшониён қарордодҳоро ба имзо расонидааст.

– Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 шунавандагони шуъбаи тайёрӣ дар айни ҳол 96 нафар таҳсил дошта ҳамасола 95%-и хатмкунандагон ба муассисаҳои олии касби дохил мешаванд, – фазуд Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ. – Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2020 бо дастури раёсати донишгоҳ маркази тестӣ низоми нави имтиҳонсупориро ба нақша гирифта амалӣ намуд, ки имтиҳонҳои ҷорӣ тавассути технологияи компютерӣ ба таври электронӣ қабул карда мешаванд.

Ҳайати профессорону устодони донишгоҳро дар соли сипаригардида 672 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 29 нафар докторони илм, профессорон, 142 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 387 нафар саромӯзгорон, омӯзгорон ва ассистентон ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, соли 2020-ум 20 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд. Аз 20 нафар устодони рисолаашонро дифоъ карда, 6 кори дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд. Дар соли ҳисоботӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рўйи 45 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 70 мавзўро дарбар мегирад. Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба 8 нафар муҳаққи донишгоҳ бо кумакпулӣ қадр карда шуданд.

Дар донишгоҳ 50 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1348 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд. Яке аз самтҳои кори маҳфилҳо ин иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олипиадаҳои фаннӣ мебошад.

Давлатзода Сайфиддин дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон зикр намуд, ки як нафар устод ва панҷ нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштироки фаъолона намуда сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, ки донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ бо теъдоди умумӣ 416 адад ҳуҷра, ки аз он: 162 адад синфхона, 41 адад кабинети таълими 22 адад озмоишгоҳҳои таълимӣ, 3785 адад миз, 7570 адад курсӣ, 2 кабинети лингофони мебошад. Ҳамчунин дар ихтиёри донишҷӯён 3 адад майдонча, 2 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ бо ҳама шароити замонавӣ қарор дорад.

Мавзеи хоҷагии таълимию таҷрибавии “Зағиртут”- и шаҳри Левакант 5 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3 гектарашро майдони боғ ишғол мекунад. Дар мавзеи номбурда 782 бех дарахти мевадиҳанда аз ҷумла (анор, ангур, анҷир, себ, зардолу, гелос, олуча, нок, бодом, олу, тут, санҷит, хурмо, чормағз), 170 бех дарахти ороиши сояафкан нашъунамо дорад. Айни замон картошкаи баҳорӣ шинонида шудааст.

Дар соли таҳсили ҷорӣ дар 12 факултаи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 16 шаҳру ноҳияҳо 567 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ машғули таҳсиланд, ки аз онҳо 358 нафарашон духтарон ва 209 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ 48 нафар ятимони кулл таҳсили илм намуда шароити зисту зиндагии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Дар баробари ин аз пардохти шартномаи таҳсил, хобгоҳ озод буда дар арафаи иду ҷашнҳо онҳо бо кумакҳои молӣ дастгири меёбанд.

Дар қисмати охири нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ