Дар гурӯҳҳои 305, 306-и ихтисоси хадамоти гумрук Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди омӯзгори кафедари фаъолияти гумркӣ Зулфиқор Давлатов аз фанни “Кодекси гумрук” гузаронида шуд, ки дар дарс мудирони кафедараҳо, омӯзгорони факултети менеҷмент ва низоми гумрук ва 2 нафар омӯзгорони факултети физика иштирок доштанд.

Мавзӯи дарс “Расидани молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дошта дар шакли маърӯзавӣ гузаронида шуд.

Дарс бо презентатсия ва айёнияташ ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд. Ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд.

Дар дарс гуфта шуд, ки расидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳо аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дар вақти кории мақомоти гумрук (моддаи 466), амалиёти гумруки иҷозат дода мешавад.

Дар ин замина омӯзгор Зулфиқор Давлатов ба донишҷӯён самтҳои воридоти молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи ё дигар ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ба мақоми гумрук, ки мутобиқи моддаи 72 Кодекси гумрук ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси гумрук аризаи шифоҳӣ пешниҳод мегардад фаҳмонида шуд.

Дарсро Джайлоев Зафар, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор Зулфиқор Давлатов барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ