Имрӯз 10-уми феврали соли 2021 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Биологони ҷавон”  гузаронида шуд.  

Дар маҳфили мазкур Лола Сафарова, мудири кафедраи биологияи умумӣ ва Дилором Пириева, омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ Бахтиёр Неъматов, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.

Маҳфили “Биологони ҷавон” дар назди кафедраи биологияи умумӣ фаъолият намуда, дар он донишҷӯёни болаёқат аъзо мебошанд.

Мавзӯи навбати оид ба ”Парвариши растаниҳои ороишиву сояафкан дар қитъаҳои таҷрибавии назди факултет“ ном гирифта аз ҷониби Хуршеда Шамсиддинова, донишҷӯи курси якуми ихтисоси биология – экология омода карда шуд.

Бояд гуфт, ки маҳфили “Биологони ҷавон” ҳар моҳ як маротиба доир гашта мавзӯҳои мубрам муҳокима карда мешавад.

Рамазони МАҲИМБЕК,

котиби маҳфил