Дар гурӯҳи 406-и ихтисоси назария ва амалияи тарҷумаи факултети забони анлисӣ дарси кушоди омӯзгори кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ Фарида Бурибаева дар мавзӯи “Нақши тарҷума дар корҳои илмӣ ва фарҳангӣ” баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ва омӯзгорони кафедраҳои факултети забонҳои англисӣ иштирок намуданд.

Омӯзгор бо вуҷуди он ки ҳанӯз дар ҷодаи фаъолияти омӯзгорӣ ҷавон аст, дарсро бо як маҳорати баланд гузаронид. Аз ибтидо то интиҳои дарс, ки хеле диққатҷалбкунанда буд, иштироки фаъоли донишҷӯён ва маҳорату малакаи омӯзгор Фарида Бурибаева эҳсос карда мешуд.

Муаллима дар доираи дарс аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, моҳияти мавзуъро шарҳ дод.

Маврид зикр аст, ки ин омӯзгори ҷавон ҳангоми гузаронидани дарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуд. Ҳамчунин дар дарсҳо бозиҳои таълимӣ гузаронида шуданд.