Дар замони ҳозира расонаҳои васоити ахбори омма яке аз марказҳои асосии маълумотҳо буда, барои тамоми инсоният информатсияҳои нав ба навро дастрас менамояд. Аммо баъзе расонаҳо бо маълумотҳои иғвоандезу маънӣ, дурӯғу сафсатта мардумро безор намудаанд.

Кабирӣ, ки дар зери дасти хоҷагони хориҷиаш меболаду мечарад, душманони дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда мехоҳад дар минтақа вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расад. Хоини миллат он шахсе аст, ки дар Ватани хеш ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Кабирӣ яке аз ин фардҳо мебошад, ки дар зери ливои ислоим истода, ҳар гуна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллук надорад. Гуноҳе, ки ин фардҳо нисбати халқ мекунанд нобахшиданист.

Дар замони ҳозира бо номи таҳлилгари сиёсӣ якчанд шахсиятҳое пайдо шудаанд, ки пайравони Кабирӣ ҳастанд. Барои он аст, ки аз ӯ нафъе аст. Ин гуна шахсиятҳо на таҳлилгари сиёсӣ, балки бозичаи дастони хоини миллат ҳастанд.

Таҳлилгари сиёсӣ бояд ҳаммаҷиҳта ҳам пешрафт ва ҳам камбудиҳоро объективона таҳлил ва баҳогузорӣ намояд. Аммо ин таҳлилгарон ба ҷузъ таърифи хоҷагони худ дигар чиро намебинанд.

Таҳлилгарони сиёсӣ ба ғайр аз хоинони миллати тоҷик сафед мекунан мекунанд аммо онҳо бояд дар маҳбасхонаҳо пӯсида раванд. Солҳои 1992 то солҳои 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез рух дода буд. Дар ин ҷанги бародаркуш садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро барои хоинони миллати тоҷик бохтаанд.

Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд. Зеро имрӯз аз баракати Асосгузори сулху вахдати милль, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаистодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем то Ватани мо боз хам ободу зебо гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани мухолифин дар хориҷа ягон манфиат надорад ва ин корро ба сомон намерасонад. Сабаб он аст, ки ин фардҳоро чун шахс дар Тоҷикистон намедонанд ва эътироф намекунанд, пас чи ҳоҷат барои аз байн бурдани ин мухолин бо ном.

Эмомалӣ Набизода, омӯзгори ДДБ