Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор озмуни ҷумҳуриявиро миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳти унвони «ДОНИШҶӮИ СОЛ» эълон менамояд.

 

Тибқи низомномаи баргузории озмун даври аввали он миёни донишҷӯёни муассисаҳо доир гашта, номзадии донишҷӯи арзанда барои иштирок дар даври ниҳоӣ то санаи 20 апрели соли ҷорӣ пешниҳод мегардад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Мутобиқи нишондодҳои оморӣ қисмати зиёди ҷомеаи Тоҷикистонро насли ҷавону наврас ташкил медиҳад, ки теъдоди муайяни онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҷалби нерӯи насли наврасу ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватан ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Ҷавонон захираи стратегии зеҳнии миллӣ мебошанд.

 

Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози Истиқлолият то имрӯз ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

 

Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон ҳиссагузор ҳастанд.

 

  1. МАҚСАДИ ОЗМУН

 

2.1 Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.

 

2.2 Ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.

 

2.3 Таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон.

 

2.4 Дарёфти ҷавони донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор.

 

  1. ПЕШНИҲОДИ НОМЗАДОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

 

3.1 Номзадии иштирокчии даври ниҳоии озмуни мазкур аз тарафи Шуъбаи кор бо ҷавонон ба роҳбарияти муассиса ва аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба унвонии Кумита пешниҳод карда мешавад.

 

3.2 Барои пешниҳоди донишҷӯён аз ҳар як донишгоҳу донишкада як ҷой муайян карда шудааст.

 

3.3 Барои ширкати довталабони озмун чунин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд:

 

– пешниҳоднома ва маълумотномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

 

– тавсифномаи роҳбарияти муассиса, хислатномаи роҳбари илмии донишҷӯ, тарҷумаи ҳоли кӯтоҳ бо ифшои сифатҳои шахсӣ ва корӣ;

 

– нусха аз дафтарчаи имтиҳонӣ (бо нусхаи пурраи баҳои донишҷӯ);

 

– мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ (нусхаҳои шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғайра);

 

– иштирок дар конференсияҳои илмӣ- назариявӣ, илмӣ -амалӣ, намоишгоҳ, маълумотҳои чопӣ, маърӯзаву баромадҳо, мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ, шеъру тарона, ки дар давраи донишҷӯӣ эҷод шудааст;

 

– иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, (амалӣ намудани ташаббусҳои созанда байни ҷавонон ва бо ин васила рангин кардани ҳаёти донишҷӯён) ва варзишии муассисаи таълимӣ, ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ (замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолият ва ё дастовардҳо дар ин самт);

 

– 2 адад расм бо ҳаҷми 3х4.

 

  1. ШАРТҲОИ ОЗМУН

4.1 Дар озмун ҷавонони донишҷӯи курсҳои 2, 3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

4.2 Ду моҳ қабл аз баргузории озмун ба мактабҳои олии касбӣ, коллеҷу литсейҳои кишвар мактуби расмӣ ва Низомномаи мазкур аз ҷониби сохторҳои Кумита ирсол карда мешаванд.

 

4.3 Озмун дар ду давр баргузор мегардад.

Даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита.

 

4.4 Дархостҳо барои иштирок дар даври ниҳоии озмун то санаи 20 апрели соли 2021 қабул карда мешаванд.

 

4.5 Тартиби баргузории даври аввал чунин муайян карда мешавад:

-худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо);

-саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;

-навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣтоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.

 

4.6 Даври дуюм (ниҳоӣ) низ аз рӯи тартиби даври аввал сурат мегирад. Яъне:

-худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ-слайд презентатсияҳо);

-саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ;

-навиштани кори хаттӣ (бо забони давлатӣтоҷикӣ) вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон.

 

4.7 Дар даври дуюм саволнома ва мавзӯи кори хаттӣ аз ҷониби масъулини Кумита омода карда мешавад.

 

4.8 Ғолибони озмун тариқи овоздиҳии кушод, бо баёни фикр аз тарафи аъзоёни ҳакамон муайян карда мешавад.

 

4.9 Донишҷӯёне, ки дар озмун ғолиб дониста мешаванд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии омоданамудаи Кумита (дар ҷойҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии донишгоҳу донишкадаҳо) сарфароз гардонида мешаванд.

 

КУМИТАИ ТАДОРУКОТ