Имрӯз бар зидди гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, дини поку таҳаммулгаро, ба амалҳои террористӣ даст мезананду хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ, суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, мубориза бояд бурд.

Гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гунна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ҳукми ислом аст.

Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дарвоқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Оре, ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» хонда, бехабар мемонанд, ки ҳадафи чунин озмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем, то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро накунем. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.

Бинобар ин, имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли ватану давлат, шукри суботу оромиро кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Муқаддас Рустамзода,

декани факултети забон ва адабиёти рус