Бо усули нав, мақсаднок ва бо сифат ба роҳ мондани таълим аз ҷониби омўзгорони факултети менеҷмент ва низоми гумруки ДДБ ба номи Носири Хусрав ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ бо усулҳои наву мақсаднок, мунтазам роҳандозӣ мешавад.
Имрӯз 3-юми марти соли 2021-ум омӯзгори кафедраи менеҷмент Хоҷаалиев Файзиддин Ашурмаҳмадович дар мавзӯи “Таҳлилӣ молиявӣ ва нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ” аз фанни менеҷменти стратегӣ барои муҳассислини бахши чоруми ихтиоси идораи мақомоти маҳаллӣ дарси намунавии лексионӣ доир намуд.
Ҳамзамон, аз тарафи устод усулҳои фаъоли таълим истифода гардид. Бахусус, дар ҳар як қисмати дарс: баёни мавзўи нав, мустаҳкамкунӣ, тарзи корбарии омўзгор бо хонандагон, ҳавасмандкунии хонандагон методҳои мувофиқ интихоб ва истифода шуданд.
Вобаста ба талаботи дарси муосир ба ташаккули неруи зеҳнӣ ва равонию саҳеҳии нутқи шифоҳии донишҷўён аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, мазмун ва мундариҷаи дарс аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба хонандагон дастрас гардид.
Дар машғулияти лексионӣ донишҷўён фаъолона иштирок доштанд, бо китоби дарсӣ, дастурҳои методӣ ва маводи тақсимотӣ вобаста ба фанни менеҷменти стратегӣ таъмин буданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ