Имрӯз 3-юми марти соли 2021 бахшида ба Рӯзи модар дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гашт, дар он гулдухтарони факултетҳои донишгоҳ маҳорату ҳунари худро нишон доданд.
Нахуст, Наргис Нурализода, раиси бонувони донишгоҳ ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад ва дар шахси онҳо тамоми модарону бонувони мамлакатро бо Рӯзи модар ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният гуфтанд.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯён хониши бадеӣ, намоиши сару либоси миллӣ, суруди якка, рақси якка, навозиши якка, суруди алла бо маҳорати баланд иҷро гардиданд. Дар ин баробар, омода намудани хурок ва хӯриши миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар маҳфил устодони донишгоҳ иштирок намуда, ба ҳунари духтарон баҳои баланд доданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ