Имрӯз 3-юми марти соли 2021-ум бо ташаббуси кафедари фалсафа ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар ҷиҳати тарғибу ташвиқи асарҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидки дар он Раҳматулло Аминовмудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмипедагогии донишгоҳ, Салоҳиддин Субҳонов, иҷрокунандаи мудири кафедар, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Раҳматулло Аминов, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ зимни суханронии хеш зикр гардид, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд.

Дар ин баробар омӯзгорони кафедра баромади пурмуҳтаво намуданд.