Ҳафтаи сипаришуда гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ба шаҳри Хуҷанд сафар карданд.

Тавре маълум гардид, дар ин марказ 12 нафар кормандон фаъолият намуда, ба ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши осори Камоли Хуҷандӣ машғуланд. Тибқи иттилои сардори маркази камолшиносӣ Баҳром Раҳматов дар муддати 6 соли фаъолияти марказ кормандони он як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Дар асоси нақша марказ Фаслномаи илмӣ-адабиро бо номи Камоли Хуҷандӣ таъсис доданд, ки он дар як сол чор маротиба дар ҳаҷми беш аз 200 саҳифа нашр мешавад. Дар ин маҷалла беҳтарин мақолаҳои донишмандони ватанию хориҷӣ интишор мегарданд. Инчунин кормандони ин марказ беш аз 70 нусхаи хаттии китобҳои нодиреро, ки дар асрҳои гуногун китобат шудаанд ва дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд, дар шакли китоби алоҳида муаррифӣ намуданд. Дар ин муддат кормандони марказ китоби дигареро бо номи “Камол дар оинаи тазкираҳо” дар ду ҷилд, ки дар асоси матни 77 сарчашма дар шинохти Камоли Хуҷандӣ фароҳам омадааст, рӯи чоп оварданд. Ин китоб фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқони адабпажӯҳ ва оммаи васеи хонандагони тоҷик пешкаш гардидааст.

Дар соли 2020 Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҷилди дуввуми “Силсилаи китобҳои камолшиносӣ”-ро бо номи “Камол дар оинаи пажӯҳиш” пешниҳод намуд, ки он аз се китоб иборат буда, шомили пажӯҳишҳои ғарбиву шарқии камолшиносӣ аз оғоз то солҳои 60-уми асри гузашта аст. Ин амр бар огоҳиву вусъати иттилои аҳли мутолиа ва камолшиносон афзуда, онҳоро ба шинохт ва дарки пурбортарин, муҳимтарин ва усулитарин дидгоҳу таҷрибаҳои шинохти Камоли Хуҷандӣ дар дохил ва хоириҷи кишвари мо водор месозад. Китоби “Камол дар оинаи пажӯҳиш” фарогири муҳимтарин ахбор ва аснод оид ба Камоли Хуҷандӣ дар як давраи пурбори таърихӣ ба ҳисоб омада, гӯшаҳоеро аз таърихи камолшиносӣ равшан мекунад.

Китобномаи Камоли Хуҷандӣ таҳияи кормандони муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ буда, дар он рӯйхати наздик ба 1500 матлаби марбут ба шахсият, зиндагӣ, ашъор ва ҷаҳонбинии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар асоси меъёрҳои китобшиносӣ ҷой дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ин марказ дастхатҳои хеле зиёде, ки баъзе аз онҳо таърихи беш аз 500 сола доранд ва аз дасти сокинони маҳал ва берун аз он харидорӣ шудаанд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси раёсат дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар китобхонаи ин марказ то ҳол зиёда аз 300 номгӯи адабиёт аз осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, дар назар аст, ки минбаъд ҳамоишҳои илмӣ перомуни осори пурғановати шоир гузаронида хоҳанд шуд.

САФИР,

“ФУРӮҒ”