ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДДБ

Имрӯз 17-уми апрели соли 2021 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар аз руйи ҷадвали баргузории даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оғоз гардид, ки дар он Самариддини Ҷамолӣ, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, Холмуродзода Мурод, декани факултет, Ҳ. Ойматова, муовини декан оид ба таълим, М. Турғунбоев, мудири кафедари физикаи умумӣ, И. Гулаев, мудири кафедраи методикаи физика Э. Алимардонов, дотсенти кафедраи методикаи таълими физика ва иштирокчиёни озмун иштирок намудан.

Бо мақсаби амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақик, ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 –уми феврали соли 2021 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғӣ маърифат” ин озмун роҳандозӣ гардид.
Дар озмун донишҷӯёни факултети физика дар номинатсия физика, факултети математика-информатика дар номинатсияи арифметика, алгебра, геометрия ва технологияи иттилоотӣ, факултети химия ва биология аз руйи номинатсияи химия, биология ва география ва факултети техникӣ – технологӣ аз руйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок менамоянд.
Ёдвар мешавем, ки натиҷаи озмун рӯзи 25-уми апрел ҷамъбаст гардида ғолибон ба даври дуввум, ки дар шаҳри Бохтар доир мегардад роҳхат дода мешавад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ