ВОРУХ ЯК ГӮШАИ БИҲИШТОСОИ ТОҶИКИСТОН

Мояи ифтихор ва сарфарозии зиёд аст, ки Ватани азизамон Тоҷикистон маҳз бо кушишу талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ободу зебо гардида, ба яке аз кишварҳои сайру сайёҳат табдил ёфтааст. Дар воқеъ, манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо, заминҳои ҳосилхез, мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавоз кайҳост, ки қалби дигар халқу миллатҳоро тасхирнамудааст. Ҳамин аст, ки аз давраҳои қадим шоҳону тоҷирон ва сайёҳону…

Муфассал

ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ БА ТАМОМИ СОҲАҲО МУҲИМАНД

Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти маориф ва илм ҳамеша навгониҳою дастгирӣ пешниҳод мегарданд. Эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои дақиқ низ пешниҳодест, ки соҳаи маорифро такони ҷиддӣ бахшида истодааст. Имрӯз тамоми кормандони соҳаи маориф алалхусус, омӯзгорон кӯшиш доранд, ки…

Муфассал

ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ САҲИМ БОШЕМ

Пас аз пароканда шудани давлати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият намуданд. Маҳз бо шарофати бузургони давр забони тоҷикӣ аз сари чандин бархӯрдҳо убур карду хешро поянда нигаҳ дошт. Забони тоҷикӣ, забони шево ва гӯёи аҷдодӣ буда, ба ин забон илмҳои дақиқ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидаанд, ки ба ин васила…

Муфассал

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ДДБ

Имрӯз дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Умед Солеҳзода, комиссари ҳарбии вилоят, деканҳои факултетҳо ва хатмкунандагон баргузор гардид. Нахуст Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан-Модар, тарғиби аҳамиятнокии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар…

Муфассал

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Чӣ хеле ки дида истодаем, дар саросари бештари кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар гуна баҳонаҳои ночиз ёфта мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норозигӣ ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд. Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат сар занонидан ва ба…

Муфассал

“Мирзо Турсунзода – шоири ваҳдатсаро”

Имрӯз 24-уми апрели соли 2021-ум бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон”- нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ифтихори 110 -солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода озмуни эҷодӣ барои беҳтарин эссе дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – шоири ваҳдатсаро” бо донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи…

Муфассал

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ БАХШИДА БА ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯ

Дар факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҳафтаи байналмилалии молия семинари омӯзиши баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин семинар васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон ва муштариён ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи пурмасъули молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмол кунандагони хизматрасонии молиявӣ мебошад. Дар семинари мазкур намояндагони ташкилоти қарзии Оксус Дадаҷонов Хушвахт, сардори МХМ…

Муфассал

ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ САЙЁР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз 23-юми апрели соли 2021 дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи мушовараи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҳлили вазъи соҳаи маориф дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Вазири маориф ва илм, муовинони вазир, муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо,…

Муфассал

УНСУРҲОИ ВЗВОД ВА ОМӮЗИШИ ОНҲО

Дар майдончаи ҳарбии варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди Абдураҳмон Зоиров, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзӯи “Унсурҳои взвод ва омӯзиши онҳо” дар курси 3 – юми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин дарс омӯзгорони кафедраҳои марбутаи факултети педагогика ва варзиш иштирок…

Муфассал