Чӣ хеле ки дида истодаем, дар саросари бештари кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар гуна баҳонаҳои ночиз ёфта мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норозигӣ ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд.
Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат сар занонидан ва ба як вайронахона табдил додани ҳамон кишварҳост. Ин таҷрибаро онҳо дар даҳҳо кишварҳо аллакай истифода бурда натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.
Мо набояд дар канор бошем. Аз ин бадбиниву бадхоҳӣ ягон кишвар амин нест, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ.
Мо, шаҳрвандони кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин гапи холӣ нест. Мо бояд аз ҳарвақта бештар ҷавонон ва насли навраси худро дар зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, чунки онҳо қисми осебпазири ҷомеаи мо буда, ба зудӣ метавонанд раҳгум шаванд.
Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оид ба корҳои зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.
Муковимат бар зидди терроризму эктремизм натанҳо вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.
Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.
Бояд пеш аз ҳама насли ҷавонон ҳушёр бошанд, нагузоранд, ки ин бехалафон, онҳое, ки аллакай виҷдону номуси худро фурӯхтаанд, онҳое, ки дини мубини Исломро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранд, ононро васваса карда ба роҳи шармандагиву бешарафӣ баранд.
Бо чашми сар бинед, ки гавҳари нодиртарин ин пулу мол нест, ин сулҳ аст. Ҷомеаи имрӯзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.
Муқаддас РУСТАМЗОДА,
декани факултети забон ва адабиёти рус