Дар факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҳафтаи байналмилалии молия семинари омӯзиши баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин семинар васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон ва муштариён ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи пурмасъули молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмол кунандагони хизматрасонии молиявӣ мебошад.
Дар семинари мазкур намояндагони ташкилоти қарзии Оксус Дадаҷонов Хушвахт, сардори МХМ хурд ва Гулов Фаррухҷон, коршинос ба донишҷӯён дар мавзӯъи “ Банақшагирии молиявӣ вабуҷети оила” дарс гузаштанд.
Дар охир, ба иштирокчиёни семинар аз ҷониби мутахассисони МХМ бо сертификат сарфавоз гардонида шуданд.