Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти маориф ва илм ҳамеша навгониҳою дастгирӣ пешниҳод мегарданд. Эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои дақиқ низ пешниҳодест, ки соҳаи маорифро такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Имрӯз тамоми кормандони соҳаи маориф алалхусус, омӯзгорон кӯшиш доранд, ки шогирдонро дар рӯҳияи ҷалби омӯзиш ба илмҳои дақиқ таълим дода, машғулиятҳои дарсиро бештар ба роҳ монанд.
Танҳо илм аст, ки метавонад алайҳи ҳамагуна зиддиятҳо мубориза барад. Кишваре, ки ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дорад, имрӯз дар буҳрони ҷаҳони рақобатпазир муваффақ гашта метавонад. Зеро таъсири илм тамоми самтҳои ҳаётиро торафт афзун мекунад.
Дар муассисаҳои таълимӣ бо дарназардошти дастури раҳнамо ва созандаи Пешвои миллат бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бахусус дар факултетҳои химия – биология, физика, математика -информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав таҷҳизоти техникии таълим ва лавозимоти озмоишгоҳҳо таъмин гашта истодаааст.
Инсон бо табиат зинда аст ва бояд мазмун, моҳият, пажӯҳиш ва дарки ҳодисоти табиат ҳам дар асоси талаботи муосир сурат гирад.
Омӯзиши фанҳои дақиқро аз синфҳои ибтидоӣ, ҳамзамон аз боғча шурӯъ кардан лозим аст, то ин ки кӯдак аз асрори табиат огаҳӣ ёбаду дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил таҳкурсии хуб барои омӯзиши фанҳои дақиқро пайдо намояд. Донистани фанҳои дақиқ барои тамоми соҳаҳои кишвар аҳамияти муҳим доранд. Рушди он барои инкишофи заминаи моддию техникии ҷомеа муфид мегардад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ҳар яки мо, омӯзгоронро лозим, ки соатҳои дарсиро бо шогирдон бештар бо тарзу усулҳои муосир гузарем.
Маҳз омӯзиши илму техника пойдевори шинохти ҷомеаи имрӯзаи инсонист. Агар мо дар таълиму тарбия беаҳамиятӣ намоем, фардои кишварро чӣ гуна метавонем тасаввур намоем. Ояндаи ҷомеа аз таълиму тарбияи гирифтаи ҷавонон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, саъй ва кӯшиш намоем, ки ба боварию эътимоди Роҳбари давлат сазовор бошему ин тақозои замонро пурра иҷро карда бошем. Дар ин самт кору фаъолияти мо омӯзгоронро лозим аст, ки барои таҳким бахшидани пояҳои моддию техникии донишгоҳ ва истифодаи васеи озмоишгоҳу доскаҳои электрониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монем.
Умуман, тамоми омӯзгорони фанҳои дақиқро зарур аст, ки ин роҳнамои Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, дар омӯзиш ба шогирдон фанҳои дақиқро бо дарку фаҳми муосир таълим диҳанд.
Шам ҲОТАМОВ,
омӯзгори факултети физика