Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Мо – тоҷикон мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад.
Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кутоҳи ба тан часпида, доманҳои кутоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст.
Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони “сиёҳпӯш”, ҳамчунин теъдоди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки низ дар шакли тангу кутоҳ ва хеле ношинам либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ниҳоят зиёд шудааст.
Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро ба бегонагон насупорем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем.
Наргис НУРАЛИЗОДА,
раиси бонувони донишгоҳ