Ҷаласаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси комиссия, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавсуф ҳангоми баромад қайд намуд, ки бояд дар шароити имрӯзаи бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо фаъолияти кори Комиссия тақвият дода шавад. Бо ҳамин мақсад дар нақшаи корӣ баррасии масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ пешбинӣ гардидаанд, ки он дар пешрафти кори ҳуҷҷатгузорӣ ва раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ мусоидат мекунад.
Миллату давлат ва забон бо ҳам сахт алоқаманд буда, устувориву мавҷудияти онҳо аз ҳамдигар сахт вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, ҷиҳати таҳкими забони тоҷикӣ давлату ҳукумат ва соҳибони он пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Забони тоҷикӣ дар масири таърих бо вуҷуди мушкиливу монеа ва таъсиррасониҳо асолати худро нигоҳ дошта, барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлат хизматҳои бебаҳову мондагор намудааст. Забони тоҷикӣ чун рукни асосии миллату давлат эътироф шуда, дар шинохти асолати миллї, рушди худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва тарғиби илму дониш замина мегузорад. Забон муҳимтарин омили ҳастӣ, бақои миллат, шиносномаи ҳар халқ ва муҳимтарин муқаддасот маҳсуб меёбад, – гуфт дар идомаи суханронӣ Давлатзода С.Х.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалаи забони тоҷикӣ, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, тарзи дуруст таҳия намудани ҳуҷҷатҳои корӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва беҳтар намудани сатҳи забондониву забономӯзӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд намудан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009, № 553 қабул гардидааст, ки он аз 7 бобу 28 модда иборат аст. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул намуда, барои амалӣ намудани он ба шахсони масъул дастрас карда шуд.
Сангимурод Шарипов,
номзади илмҳои филологӣ,
муовини раиси Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ДДБ ба номи Носири Хусрав