Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмуни гирандагони стипендияҳои номии Иттифоқи касаба баргузор гардида ғолибон муаян гардид.
Дар асоси хулосагирии комиссияи босалоҳият барандагони стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Саддам Саидов, донишҷӯи курси чоруми факултети математика-информатика, Нигорбии Муҳаммад, донишҷӯи курси панҷуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Темиров Шоҳидод, донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисодӣ, Шомуродов Иброҳим, донишҷӯи курси сеюми факултети физика бо сертификати гирандаи стипендия тақдим шуданд.
Ҳамзамон, ба Рустамова Нигора, донишҷӯи курси сеюми факултети забон ва адабиёти рус, Файзуллоев Аҳлиддин, донишҷӯи курси чоруми факултети химия ва биология, Холова Дилфидо, донишҷӯи курси чоруми факултети менеҷмент ва низоми гумрук бо Сипосномаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сарфароз шуданд.