Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад. Ҳар даме, ки ман Ватан мегӯям, пеши назарам диёри сарсабзу хуррам, обод ҷилвагар мешавад. Ин диёри арҷманд Тоҷикистон ном дорад.
Ватандӯстӣ аслан аз зодгоҳ оғоз мегирад, зеро инсони комил пораи Ватан, зодгоҳи азизашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад , тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз меёбад. Дар шуури кӯдакон бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Ман дар оилае ба воя расидам, ки падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани буданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар рӯҳияи садоқату ватандӯстии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо душманони Ватан дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд.
Қаҳрамониҳои падарони мо доимо дар лавҳаи хотираҳо абади хоҳад монд. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем.
Падарам дар ҳимояи ватани азиз дар фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гардида буданд.
Падарам баробари саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёрӣ ба фронт рафтааст, то охирин рӯзҳои ҷанг дар ҳимояи Ватан хизмат карда соҳиби мукофотҳои зиёд гардидааст.
Иди Ғалаба 9 – май дар оилаи мо таљлили хосаи худро дошт. Падарам, падари бузургворам, ки он қадар бароям мутаббару муқаддас аст, номи ватанро мешунид қалбаш меларзид, дидааш гирён мешуд, лабаш хандон мегардид. Ватан барои ӯ нури дидаю қувваю дармонаш буд.
Падарам дар рӯзи иди ғалаба либосҳои идона ба бар мекарданд. Орденҳои зиёд ки ҳар кадоме таърихи худро дошт, ба сари синаи падарам зеб медоданд.
Қиссаҳои зиёд оид ба одаму одамгарӣ, некӣ, дӯстӣ, ишқи Ватан нақл мекарданд. Падарам 9 -майро рўзи зодрўзашон мегуфтанду хоса таҷлил менамуданд. Меҳмонҳои зиёдро даъват менамуданд. Дарди бадан ки аз захми давраи ҷанг буд барояш ширин буд. Чун захми бадан барои ҳимояи ватан буд.
Баъд аз маргашон фаҳмидем, ки 9-майро аз дӯстдории зиёд рӯзи зодрӯзашон гуфтаанд. Дар асл зодрӯзашон 10 – августи соли 1900 буд. Падарам дар синни 101 – солагӣ аз дунё гузаштанд.
Падарам дар қайди ҳаёт нест, аммо ёди ӯ мекунему 9 –май Иди Ғалаба зодрӯзи падарамонро таҷлил мекунем. Ба даргоҳат ба оромгоҳат меравем падар. Ба зиёрати рўҳат ба зиёрати номат, ки ҷовидон дар ёди мо -фарзандон, ҳамдеҳагон аст меравем. Рўҳат шод бод, падарҷон!
Имрӯз ман ҳамчун шахсе, ки дар замири қалби хеш ватандӯстиро парваридаам онро дар фарзандону шогирдон тарбия мекунам.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии ватани хеш сарф намояд.
Эҳсоси ватандӯстии фарзандони баруманди миллатамон буд, ки имрӯз барои мо , ки Истиқлолияти давлатӣ худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Ифтихори ватандорӣ аз донистани таъриху фарҳанги миллат сарчашма мегирад. Арҷ гузоштан ба корнома ва қаҳрамонии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ҷонфидоиҳои зиёде кардаанд, намунаи олии ватандорист.
Гулбаҳор БОБОЕВА,
омӯзгори кафедраи педагогика ва психология