Дар зиндагӣ мо предметҳоро бо тарзи хоса ҳисоб мекунем. Дар он даҳто якӣ ба якто даҳӣ, даҳто даҳӣ ба якто садӣ, даҳто садӣ ба якто ҳазорӣ баробар аст.

 

Бо ибораи дигар даҳ воҳиди разряди якум ба як воҳиди разряди дуюм, даҳ воҳиди разряди дуюм ба як воҳиди разряди сеюм, даҳ воҳиди разряди сеюм ба як воҳиди разряди чорум баробар мебошад.

 

Чаро одамон маҳз предметҳоро даҳтогӣ мешумурдагӣ шуданд? Гап дар он аст, ки дар ҳар ду дасти одам 10 панҷа мавҷуд аст.

 

Чӣ тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, инсон аз ибтидои инкишофаш бо воситаи 10 ангушт шумурданро  машқ кард. Масалан, барои ҳосил намудани садиҳо метавонистанд, ки зиёда аз 10 нафар одамон панҷаҳои дастонашонро истифода баранд, вале на дар ҳама қитъаҳои олам одамон якбора бо ду дасташон ҳисоб карданро ёд гирифтанд. Дар қитъаи Африка қабилаҳое мавҷуд буданд, ки ҳангоми ҳисоб танҳо панҷ панҷаи як дасташонро истифода мебурданду халос. Ҳамин тавр, онҳо аз системаи ҳисоби панҷи истифода мекарданд, ки асосашро адади 5 ташкил медод. Дар Юнони Қадим аз системаи ҳисоби асосаш 12 истифода мебурданд. Натиҷаи он ба 12 соат ҷудо шудани рӯз, ба 12 моҳ ҷудо шудани сол ва ѓайра буд.

 

Беҳрӯз МУРОДОВ,

Донишҷуи бахши 4-уми факултети математика – информатика