Китоб қадимтарин падидаи фарҳангии инсоният ба шумор меравад. Китоб воситаест, ки шахс пас аз хондани он чизеро аз худ мекунад ва ё аз чизе, ки қаблан намедонист, огоҳ мешавад. Агар китоб намебуд, ҳеҷ миллату давлате аз таъриху фарҳанги худ огоҳ намешуд ва аз гузаштаи худ таҷриба намегирифт.
Агар ба таърихи адабиёт назар андозем, ҳамаи олимону донишмандони гузаштаи мо китоб мехонданду дар пайравии яке боз китобе менавиштанд ва маҳз ҳамон китобхонии онҳо буд, ки номи онҳо то ин давр боқӣ мондааст. Китоб хондан сухандониро зиёд, фаҳмишро бузург ва мартабаи инсониятро боло мебардорад. Китоб дӯсти беҳтарини инсон аст, инсон метавонад дӯстони зиёде дошта бошад, аммо бо мурури замон онҳоро шояд аз даст диҳад, шояд инсон доро бошад, аммо бо ягон сабабе дороияшро аз даст диҳад, аммо он чизе, ки аз китоб омӯхта буду дар зиндагии худ истифода карда буд, ҳеҷ вақт ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст нахоҳад дод.
Абдулло ШАРИПОВ,
донишҷӯи бахши якуми факултети филологияи тоҷик