Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд!
Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки бо таваҷҷуҳ ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар айёми зебоии баҳори сабзгун ва табиати дилрабо иди Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нишони ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба насли ояндасози ҷомеа таҷлил карда мешавад. Насли ҷавони мамлакат худро беандоза хушбахту сарфароз мешуморад, ки чунин як Ватани зебову дилрабо, мардуми меҳнатқарин ва раҳнамои оқилу хирадманд доранд. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки Истиқлолияти Тоҷикистони азиз бо роҳату ҳаловат ё осудагию оромӣ ба даст наомадааст. Сабаби дар таърих машҳуру маъруф гаштани музаффариятҳои Истиқлолияти кишварамон дар он аст, ки бузургони мо онро бо таҳаммул, ҳамфикрию ояндабинӣ ҳамчун як зерсутуни пурмуҳтаво барои халқи худ асос гузоштаанд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар ба қадри ин неъмати пурарзиш расем. Нисбати дигар масъалаҳои зиндагӣ ба он бештар арҷгузорӣ намоем. Кӯшиш бар он диҳем, ки сулҳу ваҳдат ва Истиқлолият бо ҳам дар як манша нумӯъ ёбанд.
Агар ба гузаштаи таърихи навини кишвар назар андозем ба хотир мерасад, ки 23 сол қабл аз ин, яъне 16 майи соли 1998 вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонони лаёқатманд доир гардида, ин мулоқот барои татбиқи босамари сиёсати давлат, дар байни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар ин вохӯрӣ 23 май ҳамчун ҷашни «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон» ба таври расмӣ эълон гардид. Ин тадбир аз мақому мавқеи хоса доштани насли ҷавони кишвар дар ҷомеа гувоҳӣ дода, мулоқоту вохӯриҳои анъанавию муттасилӣ Пешвои миллат бо ҷавонон, гузаронидани «Ҳафтаи ҷавонон» собит намуд, ки ҷомеа ба ин нерӯи созанда ва қувваи тозаи пешбаранда эътимоди комил дорад.
Дар зарфи беш аз ду даҳсола тадбиру чорабиниҳои зиёде аз тарафи давлат ва Ҳукумати кишвар барои ҷавонон андешида шуда, роҳандозӣ гардиданд, ки дар собиқа вуҷуд надоштанд.
Дар ин масъала таъсиси Стипендияи Президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, идрорпулӣ барои донишҷӯёни коллеҷу мактабҳои олӣ, аспирантҳо, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, Стипендияи «Дурахшандагон», грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва ташкили Квотаҳои таҳсилӣ барои ҷавондухтарону писарони деҳот дар мактабҳои олии кишвар ва ғайра далели ин тадбирҳо мебошанд. Ҳамзамон, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар муҳайё намудани шароити мусоиди иҷтимоӣ ва зисту зиндагии ҷавонон, муҳаё сохтани ҷойҳои муносиби корӣ барои онҳо ва ҷилавгирӣ аз роҳи гаравиши ҷавонон ба падидаҳои номатлуби замон, танзими мушкилоти демографӣ ва ғайраҳо нисбати насли ҷавону ояндасоз аз тадбирҳои муфиди ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Таҳия ва бо матлаби давр қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсии давлатии ҷавонони Тоҷикистон то соли 2020» ҳамчун ҳуҷҷатҳои раҳнамунсозӣ давлат бо ин қишри ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Ҷавонӣ даврони тиллоии ҳаёти инсонӣ буда, ташаккули шахсият, ҷисмонӣ ва тафаккури одам маҳз дар ҳамин марҳилла комил мегардад. Ин аст, ки насли ҷавон баъзан фирефтаи шуғлу амалҳои носолим гардида, ба қонуншиканию каҷравиҳо роҳ медиҳад. Аз омӯхтани касб, илму дониш ва амалҳои он дур монда, бисёр нозукиҳои касбии хешро аз даст медиҳанд. Аз ин истифода бурда, қувваҳои бадандеш ва сияҳкор кӯшиш менамоянд, то ҳадафҳои
ғаразноки худро тавассути онҳо амалӣ намоянд. Яъне ҷавононро фирефтаи лофу газофи душманони мазҳабу миллат гардонида, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ таблиғ намоянд.
Хушбахтона, имрӯз ҷавонони саодатманди мо имкон доранд, ки бо истифода аз Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар дилхоҳ гӯшаву канори дунё, дар муассисаҳои давлатҳои тараққикардаи олам таҳсили илм намуда, мутахассисони арзандаи касбӣ гарданд. Айни замон зиёда аз 300 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсили илм намуда истодаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои вазъияти ҳассосу ноороми ҷаҳон, зуҳуроти амалҳои террористию ифротгароӣ таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, пайваста изҳор менамояд, ки «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеию ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задании амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Ҳодисаҳои даҳшатовари ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нисбат ба куштори зиёда аз 80 нафар ҷавондухтарони донишомӯз ва ҳодисаҳои шаҳри Қазони Федератсияи Руссия бобати марги хонандагон ва тороҷи мактаб боиси ғаму андуҳ ва қаҳру ғазаби мардуми соҳибмаърифати дунё гардиданд.
Барои пешгирии чунин равандҳои номатлуб ва ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносӣ махсусан дар байни ҷавонон, бештар кор бурданро талаб менамояд. Сарвари давлат аз ҷавонон пайваста даъват ба амал меоранд, ки идеологияи худшиносӣ, ватанпарастӣ ва инсондӯстиро ҳамчун идеалӣ асосӣ мавриди парастиши умум қарор дода, ва онро бо Истиқлолияти давлатӣ якҷоя амалӣ намоянд. Насли ҷавон бо ифтихори бепоён аз Ватани худ фахр намуда, пешрафту дастовардҳои шоёни онро ба таври воқеӣ эътироф менамояд, онро хушбахтии худ ва нишоти ояндагон медонанд, ҳамзамон пайваста барои ҳифзи Ватан дар ҳолати омода қарор дошта бошанд.
Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мо, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Устодони Донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва аз худ намудани донишҳои технологияи муосир, забонҳои хориҷӣ ва дигар талаботҳои ҷавобгӯйи бозори меҳнат таълим диҳанд..
Фаъолияти назарраси олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоят, шаҳр ва Раёсати Донишгоҳ мунтазам қадршиносӣ мешаванд. 7 нафар ҷавонон барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои номзадӣ ба мукофотпулии Раиси вилоят қадршиносӣ шуданд. 7 нафар беҳтарин донишҷӯёни Донишгоҳ гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар барандаи Стипендияи раиси вилоят, 8 нафар гирандаи Стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ мебошанд. Раёсати Донишгоҳ барои дастовардҳои илмии олимони ҷавон,- соҳиб шудан ба дараҷа ва ё унвони илмӣ аз соли ҷорӣ вобаста ба равияҳои илмӣ мукофотпулӣ таъсис кардааст, ки бешубҳа дар самти ҳавасманд намудани онҳо мусоидат хоҳад намуд. Таъкид бояд намуд, ки як нафар олими ҷавони донишгоҳ Файзализода Баҳрулло Файзалӣ- мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими 22ҷавон-2021 дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки ба таблиғи илм ва муваффақияти шахсии олимони ҷавони то 35-сола дар тамоми давлатҳои мустақил ва Аврупо нигаронида шуда буд, рӯзи 20-21-уми май соли 2021 ҷамъбаст гардида, ғолиби ин лоиҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагӣ бо навиштаҷоти «Беҳтарин олими ҷавон-2021» дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуд, ки ифтихори ҳар яки мо кормандону донишҷӯёни ин даргоҳи бузург аст.
Дар донишгоҳ 50 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд.
Дар соли 2020 19 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуданд, ки аз ин шумора 2-рисолаи докторӣ ва 17 адад рисолаҳои номзадӣ мебошанд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ 8 нафар ҷавонон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, корҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи 40 равия муттасил ба роҳ монда шуданд ва зиёда аз 60 мавзӯъро пайгирӣ намуда истодаанд. Ҳамзамон натитҷаи фаъолияти илмии онҳо дар 644 номгӯйи кори эҷодӣ, аз ҷумла 47 номгӯйи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва Барномаҳо, 579 номгӯйи мақолаҳои гуногун ҷамъбаст гардида, дар конференсияҳои байналхалқии ҷумҳуриявӣ 328 баромаду гузоришҳо баён намуда ва дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои хориҷа зиёда аз 50 мақолаву гузориш дарҷ кардаанд.
Дар самти баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон се нафар донишҷӯ баъди хизмати муваффақонаи ҳарбӣ бо сипоснома ва мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи донишгоҳ сарфароз гардонида шудаанд.
Бояд таъкид намуд, ки Раёсати Донишгоҳ ба масъалаҳои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии донишҷӯёни ятими кулл, дорои имкониятҳои маҳдуд ва камбизоат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Донишгоҳ 50 нафар ятимони кулл таҳсил мекунанд, ки ҳаёту таҳсил ва маишати онҳо мунтазам дар доираи назари роҳбарияти Донишгоҳ мебошанд. Ин қабил ашхос дар гурӯҳҳои ройгон таҳсил намуда ва гирандаи Стипендияи Академӣ мебошанд. Ҳамзамон барои онҳо хобгоҳҳо ройгон дода шуда, ба марказҳои омӯзишӣ ва варзишӣ ҷалб карда шудаанд.
Ба хотири татбиқи ҳадафҳои муҳим ва андешаҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон бояд масъулиятшиносу фидокор бошем, бо дасту дили пок таҳсил ва меҳнат намоем. Бояд дар таълими донишҷӯён аз амалу пайкори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як ватандор ва фарзанди соҳибмаърифати миллат ҳамарӯза омузем ва онро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳем. Имрӯзҳо вобаста ба масъалаҳои ҳассоси давр, зери сиёсати оқилонаву бомароми Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни умумихалқии 30 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, дар оянда низ тамоми нерую дониши худро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимои ватани азизамон, Тоҷикистон сафарбар менамоянд.
Рӯзи ҷавонони кишвар муборак!