Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шудани сохти хоҷагидорӣ, зарурати аз нав ва бо шакли дигар эҳё намудани соҳаи туризм пеш омад, зеро имрӯз дар кураи замин давлатҳои ҷудогонаеро метавон ном бурд, ки даромади асосии баъзеашон танҳо ва танҳо аз ҳисоби соҳаи туризм мебошад.

Боиси таассуф аст, ки дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон тамоми зерсохторҳои хоҷагии халқ, аз он ҷумла зербунёди соҳаи туризм харобу валангор шуда, то ба сатҳи нестӣ расид. Танҳо баъд аз ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан зербунёди ин соҳа боз рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бо ба эътидол омадани вазъият дар дохили кишвар шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба якборагӣ зиёд шуд ва имрӯз дар кишвар шумораи онҳо зиёда аз 150 мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ низ афзалияти соҳаи туризмро ба инобат гирифта, дар ин самт пайваста талош меварзад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гаштани дараи Варзобу Ромит ва ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризму истироҳат далели ин гуфтаҳост. Ба ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар санадҳои зарурӣ қабул шуданд, ки минбаъд барои рушду нумӯъи ин соҳа мусоидат намуданд.
Масъалаи дигар, ин пешрафти техника ва технологияи информатсионӣ дар соҳаи туризм аст. Дар ин бора муҳаққиқони соҳа Квартальнов В. А., Гуляев В.Г., Дурович А. П. ва чанде дигарон дар асарҳои таҳқиқии хеш андешаҳои судманд баён намудаанд.
Таблиғот тавассути барномаҳои аниматсионии турист ба барандаи таблиғот оид ба кишвар, минтақа, маҷмӯаи туристӣ, меҳмонхона, ширкати туристӣ табдил меёбад. «Яке аз типҳои муҳими аниматсияи туристӣ, аниматсияи рекреатсионӣ ба шумор меравад, ки он шакли фаъолияти фароғатиест, ки ба барқарорнамоии нерӯи ҷисмонию рӯҳии инсон равона гардидааст». Барномаҳои фароғатӣ, ки бо ҳадафҳои рекреатсионӣ амалӣ мешаванд, аз ҷониби муассисаҳои курортию туристӣ гузаронида мешаванд.
Нақши махсуси ин таъминоти информатсионӣ ҷузъи муҳим дар тайёр намудан, амалӣ кардан ва истифодаи барномаҳои фаъолияти сайёҳӣ ба шумор меравад. Ташкил намудани базаи маълумотҳо ба намуди электронӣ ва истифодаи технологияи ҳозиразамон дар тиҷорати сайёҳӣ имконияти ба зудӣ, сифатнок ва ба тарзи аён рушд додани фаъолияти сайёҳиро медиҳад. Имрӯзҳо қариб ҳамаи нақшаҳои тиҷоратии фаъолияти сайёҳӣ ба пуррагӣ, ё ин ки қисман ба Интернет пайваст шудаанд.
Аксарияти марказҳои сайёҳӣ ва ширкатҳо дар шабакаи Интернет маълумоти гуногун матнҳои ҳархела, суратҳои ранга ва ҳатто наворҳоро ҷойгир мекунонанд, ки онҳо мизоҷонро бо захираҳои сайёҳӣ, маълумотҳои ҷадвалӣ ва шароити кашондан, оиди ҳаракати нақлиёт, маълумоти муфассал оиди хизматрасонии меҳмонхонаҳо, барномаҳои сайёҳатӣ, тарабхонаҳо ва дигар нуқтаҳои ғизодиҳӣ, номгӯи хӯрокҳои пешниҳоднамудаи онҳо, шароити суғуртаи сайёҳӣ оиди обу ҳаво, воқеаҳои ҷорӣ, инчунин дигар маълумоти бо фаъолияти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ вобаста буда, муфассал шинос менамоянд.
Ҷустуҷӯйи ҳамкорон дар шабакаи Интернет дар чорчӯбаи стратегияи коркардашудаи хизматрасонии сайёҳӣ гузаронида мешавад. Имрӯзҳо ҳар як ташкилоти сайёҳӣ кӯшиш карда истодааст, ки дар интернет варақаи шахсӣ (сайт) кушода, тавассути он барои тамоми ҷаҳониён худ ва хизматрасониҳои пешниҳодшударо муаррифӣ намоянд. Дар он пеш аз ҳама суроғаҳои почтаи электронӣ ва суроғаҳои WWW. Инчунин варақаи боздиди кормандон бо суроғаҳои алоҳидаи ҳар кадомашон барои алоқаи бевосита ва равшанӣ андохтан ба элементҳои алоҳидаи бо сайёҳат ва хизматрасонии он вобаста буда, нишон дода шудааст.
Системаи ҷустуҷӯйи имконият медиҳад, ки истифодабаранда бо рӯйхати ташкилотҳои сайёҳии лозимӣ, суроғаҳои онҳо, намояндаҳои алоҳидаи онҳо шиносои пайдо намуда, барои ҳамкории оянда шартнома ва дигар масъалаҳои бо фаъолияти кор вобаста бударо ҳаллу фасл намоянд ва бо суроғаи нишондодашуда бо онҳо робита намоянд. Дигар усули на он қадар босамари ҷойгиркунонии эълонҳо оиди ҷустуҷӯи ҳамкорон дар ташкилотҳои тахассусӣ мебошад. Дар ин маврид зарур аст, ки тамоми нозукиҳои ҳамкории тарафайн ба пуррагӣ нишон дода шуда, ҳамкорони ҳавасманд худашон шуморо меёбанд. Тавассути Интернет бошад, имконияти фаврӣ амалӣ намудани гуфтушунидҳои қаблӣ бо ҳамкорон мавҷуд аст. «Бартарии тавассути Интернет ёфтани ҳамкорон дар соҳаи туризм, ин дар фаврӣ гирифтани маълумот оиди ҳамкорони потенсиалӣ мебошад».
Таҷрибаҳои пешқадами операторҳои сайёҳӣ нишон медиҳанд, ки қонеъ гардонидани талаботҳои меҳмононкалиди муваффақият дар тиҷорати сайёҳӣ мебошад. Барои ин кор, пешакӣ орзуҳои мизоҷон ва имкониятҳои ширкатҳои сайёҳиро дақиқона муайян кардан зарур аст. Ин корро тавассути нашри маҷаллаҳо, ки он барои меҳмонон пешкаш карда шуда дар он давомиятнокӣ ва барномаи тур экипировкаи зарурӣ, имкониятҳои хурокхурӣ, зист ва ғайра пурра нишон дода мешавад, амалӣ намудан зарур аст. Ба сифати гузориш ба ин маҷаллаҳо, ёддошт бо тавсияҳо гузошта шуда, дар он нишон дода мешавад, ки ҳангоми сайругашт чиро ҳамроҳи худ гирифтан мумкин аст. Умуман. маълумоти муфассал оиди тур то оғози сайёҳат ниҳоят фоидабахш аст.
Дар рушди босамари фаъолияти сайёҳӣ нигоҳ доштани робита бо сайёҳон баъди ба охир расидани сайёҳат нақши калон дорад. Ширкатҳои бузург ҳамеша дар кӯшиши онанд, то мизоҷонро бовар кунонанд, ки онҳо на танҳо худашон муттаваҷҷеҳ гарданд, балки дигаронро низ ба тур даъват намоянд. Барои ин бошад, на сифати баланди хизматрасонӣ лозим аст, балки нигоҳ доштани робита баъди ба охир расидани тур зарур аст.
Дар сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ санъати баланди меҳмондорию меҳмоннавозии мардуми тоҷик борҳо қайд гардидаст. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ин расму русуми аҷдодиро мутобиқ ба шароиту замони ҳозира сайқал дода, тариқи технологияи итиллоотӣ тарғибу ташвиқ намоем ва аз ҳисоби он ҳар як сокини ҷумҳурӣ метавонад соҳиби даромад гашта, зиндагиашро беҳтару хубтар гардонад.
Насимҷон НАИМЗОДА,
омӯзгори кафедраи САКА ва ТИ факултети информатика
Возможно, это изображение (на открытом воздухе)