Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд. Таърих собит намудааст, ки устувории ҳар миллату давлат ин пеш аз ҳама забони миллӣ аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо тамаддун ва осори гаронбаҳо ба иллати аз даст додани рӯҳи миллии хеш, яъне забони модарӣ аз саҳифаҳои таърих дур шудаанд, кам нестанд.

Маҳви забон, маҳви миллат ва миллатҳои соҳибзабон аст. Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии ҶТ қарор дошта тайи садсолаҳо бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди пешомада зина ба зина ташаккул ва такомул ёфт. Забони тоҷикӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳои бахшида ба Рӯзи забон ва дар дигар мавридҳо забони тоҷикиро ҳамчун рукни асосии халқу миллат, пояи устувори давлату ҳукумат гуфта, омили муҳими якдигарфаҳмии одамон, пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳо медонанд. Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушди камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.
Дар олам мардум бо зиёда аз шаш ҳазор забон ҳарф мезананд. Сарвари давлат забони тоҷикиро аз муҳимтарин, зеботарин забонҳои олам шинохтаанд. Бештар маврид аз таърифи забон ба таърихи дуру дарози он сафар намуда, ватани забони тоҷикиро Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони Шарқӣ медонанд, ки баъд дар дигар марзу буми кишварҳои форсизабонон паҳн шудааст.
Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ боиси ифтихор ва хурсандии ҳар яки мост ва онро бешубҳа, метавон яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолият арзёбӣ кард. Агар ҳар як фарди миллат масъулиятшиносӣ ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқи худ, миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кӯшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи пурраи Қонуни забон ҳиссагузорӣ карда метавонад.
Хурсандибахш аст, ки солҳои охир ҷаласаҳо ва коргузорӣ дар корхонаву ташкилотҳо ба забони давлатӣ сурат гирифтааст. Иҷрои Қонуни забон дар ҷумҳурӣ аз муҳимтарин масоили сарнавиштсози миллат маҳсуб меёбад. Имрӯз ҳар як фард накӯ дарёфтааст, ки Истиқлоли комили кишвар, ин истиқлоли комили забон, тозагӣ, рушду нумӯ ва ғановату фасоҳати он мебошад. Хеле хуш аст, ки аз файзи Истиқлолу осоиштагӣ, имрӯз масоили забон дар радифи масоили муҳими сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил соҳиби забони худ аст.
Хурсандиовар он аст, ки солҳои охир мардуми кишвар ва махсусан ҷавонон кӯшиши зиёд доранд, ки забони адабиро беҳтару хубтар омӯзанд, бо ин забон сухандон гарданд. Аз ин рӯ, муносибати мо ба забон бояд ҷиддӣ, босаводона ва оқилона бошад. Мо ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем. Ин поя ва рукни муҳими давлату миллат ҳамеша зарурат ба нигоҳубин ва ғамхорӣ дорад.
М. АСОЕВА,
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (один или несколько человек и текст)