Имрӯз 22-юми июни соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав машварати ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» доир гардид.

Нахуст, Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия суханронӣ намуда зикр кард, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад: – математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Сипас, Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар оид ба тартиби баргузории озмун баромад намуд. Гуфта шуд, ки озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: – даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо; – даври дуюм – моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо; – даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази вилояти Хатлон; даври чорум – даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм то 25-уми ноябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.
Ҳамчунин, довталаб 10 рӯз пеш аз оғози озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд: тарҷумаи ҳол, маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил, маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ